«ҶИЛОИ РАНГҲО». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон фестивал-намоиши либосҳои миллӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 14.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи феврали соли равон дар Тоҷикистон Фестивал-намоиши либосҳои миллии «Ҷилои рангҳо» баргузор мешавад. Фестивал-намоиш бо мақсади иҷрои баниди 9-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ шудааст, доир мегардад.
Барои баргузории Фестивал-намоиши либосҳои миллии «Ҷилои рангҳо» вазоратҳои фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, иттифоқи дизайнерон, ҳунармандон, рассомон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муваззаф гардидаанд.
Ҳадафи баргузор намудани Фестивал-намоиши «Ҷилои рангҳо» ин ҷалб намудани рассомон, тарроҳону чеварон, ҳунармандон ва масъулини вазорату кумитаҳои дахлдор ба муосиргардонии либоси миллӣ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки яке аз нишонаҳои асосӣ ва муаррифи фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳо мебошад. Либоси миллии мо, тоҷикон ёдгоре аз гузаштагон аст, ки давоми қарнҳо зебоиашро гум накарда, фарҳанги қадимаи миллати моро то имрӯз муаррифӣ менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳо вобаста ба ҳувияти миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки: «Ҳар миллат бинобар собиқаи фарҳангии худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи онро инъикос менамояд ва ҳар миллат аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшияш шинохта мешавад… Модарону бонувони мо – тоҷикон тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард».
АКС аз манбаъҳои боз








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






