Дар Душанбе робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд

Январь 16, 2025 11:24

ДУШАНБЕ, 16.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 январ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Вохӯрӣ  дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон доир гардид. Зимни он ҷонибҳо доир ба густариши робитаҳои фарҳангӣ, инчунин баргузории намоишҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба дар бахши фарҳанг мубодилаи афкор намуданд.

Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин рӯз инчунин осорхонаи Китобхонаи миллиро, ки дар он нодиртарин китобҳои шоирону тоҷику форс нигоҳдорӣ мешаванд, тамошо намуд.

Ҳамчунин дар 15 январ маҳфили шеъру адаби Тоҷикистон ва Эрон бо иштироки шоирону нависандагон ва дигар намояндагони аҳли  фарҳанги  ду давлат доир шуд. Пас аз маҳфил дар шаҳри  Душанбе Пажуҳишгоҳи фарҳангии форсӣ-тоҷикӣ ифтитоҳ гардид.

Дар назар аст, ки аҳли фарҳанги Эрон ҳамзамон «Кохи Наврӯз», Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Қалъаи Ҳисорро тамошо намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 16, 2025 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид