Дар Душанбе робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 16.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 январ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Вохӯрӣ дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон доир гардид. Зимни он ҷонибҳо доир ба густариши робитаҳои фарҳангӣ, инчунин баргузории намоишҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба дар бахши фарҳанг мубодилаи афкор намуданд.
Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин рӯз инчунин осорхонаи Китобхонаи миллиро, ки дар он нодиртарин китобҳои шоирону тоҷику форс нигоҳдорӣ мешаванд, тамошо намуд.
Ҳамчунин дар 15 январ маҳфили шеъру адаби Тоҷикистон ва Эрон бо иштироки шоирону нависандагон ва дигар намояндагони аҳли фарҳанги ду давлат доир шуд. Пас аз маҳфил дар шаҳри Душанбе Пажуҳишгоҳи фарҳангии форсӣ-тоҷикӣ ифтитоҳ гардид.
Дар назар аст, ки аҳли фарҳанги Эрон ҳамзамон «Кохи Наврӯз», Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Қалъаи Ҳисорро тамошо намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ






