Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон

Январь 16, 2025 12:30

ДУШАНБЕ, 16.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади  нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Зери Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён имзо гузоштанд.

Дигар санадҳои имзошуда инҳоянд:

— Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Барномаи иҷрои ҳамкорӣ миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони банодир ва дарёнавардии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рушди транзити бор тариқи бандари Чобаҳор;

— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳунарҳои миллӣ ва муосир;

— Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав барои давраи солҳои 2025-2027;

— Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Барномаи амалҳои муштарак ба Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони беҳзистии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаҳои иҷтимоӣ ва ҳимоят аз гурӯҳҳои осебпазир;

— Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳум миёни Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Тоҷикистон ва Созмони интиқоли хуни Эрон;

— Ёддошти тафоҳум дар заминаи беҳдошти чорво ва байторӣ миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноиби Президент оид ба кор бо занон ва оилаи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти занон ва оила;

— Ёддошти тафоҳум миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти генералии нозиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иртиботот ва фанноварии иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази омори Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони миллии стандарти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология;

— Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳуми омӯзишӣ миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳум миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази Пажӯҳишии Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази таҳқиқоти илмии Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии Намоишгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи намоишгоҳӣ.

Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Эрон 16.01.2025

Январь 16, 2025 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 34-солагии истиқлоли давлатӣ
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Португалия Марселу Ребелу ди Соуза барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Чжао Лэтсзи мулоқот намуданд
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ дар Пекин иштирок намуданд