ИНТИХОБОТ-КАФИЛИ РУШДИ МИЛЛАТ. Дар Хуҷанд иқдоми тарғиботӣ гузаронида шуд

Январь 25, 2025 08:58

ДУШАНБЕ, 25.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Интихобот – кафили рушди миллат» иқдоми таблиғотӣ баргузор гардид.

Тавре ба  АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд хабар доданд, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷумҳуриявии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар маҳаллаҳои «Дӯстии халқҳо» ва «Навбаҳор»-и шаҳри Хуҷанд варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуда, ба сокинон аҳамияти иштироки фаъолона дар интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро шарҳ доданд.

Иштирокчиён бо шиори «Интихобот – маъракаи муҳими сиёсӣ» ба сокинон фаҳмониданд, ки бо иштирок дар интихобот ҳар шаҳрванд барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон саҳм мегузорад. Чорабиниҳо, аз ҷумла насби шиору овезаҳо дар кӯчаҳои шаҳр идома меёбанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон омили рушди низоми қонунгузории ҷумҳурӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон гашта, дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ нақши муҳим мегузорад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

 

Январь 25, 2025 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Беларус дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд