«ИНТИХОБОТ ВА ҶАВОНОН». Дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши тарғиботӣ баргузор гардид

Январь 14, 2025 13:33

ТУРСУНЗОДА, 14.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба интихоботи вакилони халқ, ки 2 марти соли 2025 баргузор мегардад, дар шаҳри Турсунзода  таҳти унвони «Интихобот ва ҷавонон»   бо иштироки аъзои маҳфили волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ҳамоиши тарғиботӣ доир гардид.  Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

 Зимни ҳамоиш волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Турсунзода дар кӯчаю хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳр ҳазорон варақаҳо ва брошураҳоро, ки дар бораи интихобот маълумоти муҳим доштанд, байни шаҳрвандон тақсим намуда, онҳоро ба иштироки фаъолона дар интихобот даъват намуданд.

Гуфта шуд, ки интихобот падидаи ҷомеаи демократӣ буда, нақши он дар ташаккули шахсияти ҷавонон назаррас аст. Аз ин рӯ бо баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ, дарки масъулияти баланд, иҷрои қарзи шаҳрвандии худ, яъне иштироки фаъолона  дар маъракаҳои интихоботӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мо метавонем дар ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон ва ваҳдати ҳамагонӣ саҳми арзанда гузорем.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Январь 14, 2025 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Махфират Хидирзода: «Дар 28 давлати дунё 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст»
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳайати мушоҳидони ИДМ мулоқот баргузор гардид
Мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоботи парлумонии Тоҷикистонро ба муддати дароз назорат мекунанд
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода бо муовини Дабири кулли ИДМ Нурлан Сейтимов мулоқот намуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Омодагӣ ба интихобот ва иштироки мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ баррасӣ шуд
ВАКОЛАТИ КОМИССИЯҲОИ ҲАВЗАВӢ ВА УЧАСТКАВӢ. Коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот тасдиқ гардид
ДАР 28 ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ-36 УЧАСТКАИ ИНТИХОБОТӢ. Вобаста ба тартиби овоздиҳӣ дар хориҷи Тоҷикистон маълумот дода шуд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Иштирок дар интихобот нишонаи шинохти масъулияти шаҳрвандӣ аст
ИНТИХОБОТ-2025. Доир ба ҷараёни омодагӣ ба интихобот бо ташкилоти ҷамъиятии занон вохӯрӣ доир шуд
ИНТИХОБОТ-2025. Дар АМИТ «Ховар» бо иштироки коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ машварат баргузор гардид