Интихобот ва рушди демократия дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 07.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 марти соли равон интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва 28 март интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст. Докторанти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нушофарин Мирзоева мавзуъро чунин шарҳ дод:
— Демократия ҳамчун шакли низоми сиёсӣ ва идоракунӣ ташкили шароити мусоид барои иштироки васеи мардум дар раванди идоракунии ҷомеаро ифода намуда, халқро ҳамчун манбаи ҳокимият эътироф менамояд. Маҳз аз ҳамин тараф он асосҳои қавии таърихию сиёсӣ дошта, низоми махсуси арзишҳоро дар бар мегирад. Демократия иштироки васеи оммаи мардумро дар таъсиси ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии ҷомеа кафолат дода, моҳияти аслии он таъмини мардумсолорӣ мебошад.
Таҷрибаи таърихию сиёсии ташаккули демократия дар давлатҳои гуногун нишон медиҳад, ки фаҳмиш ва дарки он аз ҷониби ҷомеаҳо ба бисёр омилҳо, аз қабили сатҳи шуури сиёсии ҷомеа, фарҳанги сиёсӣ ва сатҳи рушди иқтисодию иҷтимоии он низ дар дараҷаи муайян вобастагӣ дорад. Ин вобастагӣ имкони дарки воқеии демократияро фароҳам оварда, мутлақгардонии шинохти онро ҳамчун озодии беҳудуд пешгирӣ мекунад. Дарки арзишҳои меҳварии демократия, аз қабили озодӣ, соҳибҳуқуқӣ, баробарӣ, ҳуқуқи иштироки озодона дар равандҳои сиёсии ҷомеа, ҳуқуқи озодона интихоб кардан ва интихоб шудан, иштирок дар ташаккул ва амалигардонии ҳокимияти сиёсӣ, озодии ирода дар интихоб, гуногунақидагӣ, ҳуқуқи озодона муттаҳид шудан ва ғайра дар заминаи шинохт ва дарки моҳияти демократия ҳамчун шакли муҳити иҷтимоию сиёсӣ ба вуҷуд меояд. Ҳамзамон бо ин, дарки ҳудудҳои ин ҳама озодиҳо шарти муҳими зиндагӣ дар ҷомеаи демократӣ мебошад. Дар заминаи ин арзишҳо заминаҳои меъёрии ҳуқуқии интихобот ҳамчун раванди муҳими сиёсӣ дар Тоҷикистон ташаккул ёфтаанд.
Қабули қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» заминаи устувори меъёрии ҳуқуқиро барои ташаккули низоми интихоботии демократӣ муҳайё сохт.
Муқаррар намудани чаҳорчӯбаи қонунӣ барои ташкил ва баргузор намудани интихоботи озоду шаффоф қадами ҷиддӣ дар роҳи устуворгардонии рукнҳои демократия дар ҷомеаи тозаистиқлол маҳсуб мешуд. Дар доираи он меъёрҳои иштироки сиёсии шаҳрвандон ва аҳамияти он барои таҳкими рукнҳои демократӣ муайян карда шуданд.
Яке аз субъектони фаъоли раванди демократия ва интихобот ҳизбҳои сиёсӣ маҳсуб мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсӣ дар Вазорати адлия расман ба қайд гирифта мешаванд ва вобаста ба сарчашмаи даромадашон ҳуҷҷат пешниҳод мекунанд. Ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун ташкилоти сиёсӣ дар ҳаёти ҷомеа нақши муассир дошта, дар муаррифӣ ва ҳимояи манфиатҳои гурӯҳҳои гуногун ба сифати механизми муташаккил баромад менамоянд.
Заминаи ташаккули бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнини гузариш гузошта шуда буд. Бо вуҷуди ҳама мушкилию мураккабиҳои ҳаёти сиёсӣ низоми бисёрҳизбӣ мунтазам таҳаввул ёфта, то ба сатҳи кунунӣ рушд кардааст, зеро сухан сари амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавии ихтиёрӣ ва озод меравад, ки минбаъд тавассути он дар раванди амалигардонии ҳокимияти сиёсӣ бевосита ва ё бавосита иштирок мекунанд.
Баъд аз интишори фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024 тадбирҳои омодагӣ ба баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар мамлакат оғоз гардида, то 4 январи соли 2025 ҳизбҳои сиёсии дар ҷумҳурӣ расман фаъолияткунанда, аз он ҷумла Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон анҷуманҳои худро гузарониданд ва ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ номзадҳои худро тавассути рӯйхати ҳизбӣ пешбарӣ намуданд. Ин маънои онро дорад, ки ин ҳизбҳои сиёсӣ муташаккилона ба маъракаи интихоботи вакилони халқ – 2025 ворид гардиданд.
Марҳилаи пешбарии номзадҳо ба ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот аз ҷониби мақомоти ҳудудии ҳизбҳои сиёсӣ аз 1 январи соли 2025 оғоз ёфта, то 15 январ идома меёбад. Онҳо ҳуқуқ доранд дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ низ якнафарӣ номзадҳои худро пешбарӣ намоянд.
Дар баробари ин, тавсифи демократия ва риояи принсипҳои демократӣ иштироки ихтиёрӣ ва озоди шаҳрвандонро низ дар назар дорад. Вобаста ба ин дар мамлакатҳои гуногун меъёру қоидаҳои муайяни эътирофи қонунмандии интихобот ҷой доранд. Масалан, дар ҷумҳурии мо дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми омехтаи интихоботӣ ҷой дошта, иштироки аз нисф зиёди интихобкунандагонро тақозо мекунад. Яъне, таносуби 50%+1 овоз ҳамчун меъёр барои барпошуда эълон намудани интихобот ва интихобшуда ҳисоб шудани номзад ба вакилӣ аз ҳавзаи якмандатӣ ҳисоб мешавад.
Иштироки шаҳрвандон дар ин маъракаи сиёсӣ дар Тоҷикистон хусусияти фаъол дорад. Таҷрибаи интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2020 дар ҷумҳурӣ нишон дод, ки сатҳи иштироки шаҳрвандон дар интихобот 86,4 фоизро ташкил дода, ҳизбҳои сиёсии дар ин маърака иштироккунанда аз усулҳои ғайримадании муносибат даст кашиданд ва муборизаи сиёсии онҳо дар доираи фарҳанг ва одоби баланди муошират доир шуд. Ин нуктаро мушоҳидони байналмилалӣ низ махсус иброз намуданд. Масалан, Роҳбари Миссияи мушоҳидони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев иброз намуд, ки «хусусияти фарқкунандаи интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон дар он аст, ки он бе ҳангомасозии «сиёҳ» ва ҷанги бадномкуниҳо байни номзадҳо баргузор гашт».
Иштироки сиёсӣ нишонаи масъулияти шаҳрвандии субъектони сиёсат буда, ҳавасмандии онҳоро барои иштирок дар қабули қарорҳои сиёсӣ, таъмини мардумсолорӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқҳои худ барои ибрози озодонаи ақида ифода мекунад. Дар ҳама ҳолат иштироки фаъолонаи шаҳрвандон ба густариши робита байни онҳо ва ҳокимият мусоидат намуда, барои таҳкими заминаҳои рушди демократӣ роҳро ҳамвор месозад. Метавон аз гуфтаҳои Пешвои миллат ёдовар шуд, ки «демократия дар асл фарҳанги воло буда, одобу муоширати инсонӣ, ақлу фаросати сиёсӣ, донишу таҷрибаи созандагиро фаро мегирад. Моҳияти давлати демократии ҳуқуқбунёд ҳам дар он аст, ки бо демократия саҳланкорӣ кардан даркор нест. Зеро демократия ҳокимияти қонун аст ва дар назди ҳама шаҳрвандон талаботи якхела пеш мегузорад». Дар ин замина рафтору иштироки сиёсии шаҳрвандон ҳам бояд бо риояи қонун бошад.
Демократия имкони васеи татбиқ намудани ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон, аз ҷумла ҳуқуқи интихоботии онҳо мебошад, ки дар пайвастагӣ бо одоби суннатии тоҷикона фазои муносиби пешрафтҳои сиёсию иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеаро муҳайё менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»