ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Марҳилаи пешбарии рӯйхати номзадҳо оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба анҷом расид

Январь 16, 2025 16:35

ДУШАНБЕ, 16.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи Комиссияи марказӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Таъкид шуд, ки 16 январи соли 2025 марҳилаи пешбарии рўйхати номзадҳо ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва номзадҳо ба вакилӣ дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид. Вобаста ба ин дар ҷаласаи Комиссияи марказӣ масъалаи мутобиқати пешбарии рӯйхати номзадҳо аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Тартиби пешбарии рӯйхати номзадҳо ба талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ дониста шуда, бо қарори Комиссияи марказӣ рӯйхати номзадҳои пешбаринамудаи Ҳизби Аграрии Тоҷикистон дар ҳайати 13 номзад, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон дар ҳайати 13 номзад, Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар ҳайати 4 номзад, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати 6 номзад, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар ҳайати 6 номзад ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳайати 28 номзад тасдиқ карда шуд.

Бо мақсади огоҳонӣ ва шиносоӣ пайдо намудани интихобкунандагон бо нафарони мувофиқи рӯйхати номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ пешбаригардида ва дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот ба қайд гирифташуда бо қарори Комиссияи марказӣ шакли Плакати иттилоотии рӯйхати номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботӣ тасдиқ карда шуд.

Ҳамчунин бо қарорҳои дахлдори Комиссияи марказӣ барои таъмини шароити баробар барои ҳама номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ шакл ва ҳаҷми Плакати ягонаи ташвиқотии рӯйхати номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботӣ, инчунин тартиби истифодаи воситаҳои ахбори омма аз ҷониби онҳо дар ин раванд тасдиқ карда шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои дигари ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланди ташкилию  сиёсӣ баргузор намудани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ идома доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 16, 2025 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид