Иштироки фаъолонаи ҷавонон дар интихобот нишонаи масъулияти баланди шаҳрвандии онҳо аст

Январь 10, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 10.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода бо намояндагони ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ хабар доданд

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами раванди интихобот, моҳият ва аҳаммияти ин маъракаи муҳимми сиёсӣ, ҳуқуқи интихоботӣ, хусусияти низоми интихоботӣ дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба мавзуъ бо ҷавонон суҳбат намуд.

Инчунин вобаста ба чорабиниҳои муштарак бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар карда, барои  тадбирҳои гузаронида ба роҳбарияти Кумита ва ҷавонони фаъол изҳори миннатдорӣ намуд. Раиси Комиссияи марказӣ даъват кард, ки ҷавонон фаъолона дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ иштирок намуда, номзад ва ҳизби арзандаро интихоб намоянд.

Ҳамзамон Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати чумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода иброз дошт, ки мо дар арафаи интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дорем. Иштироки ҷавонон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ нишонаи масъулияти баланди шаҳрвандии онҳо мебошад.

Ҳамчунин аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода дар музокира иштирок намуда,  вобаста ба тартиби баргузории «Рӯзи интихобкунандаи ҷавон», ки нимаи дуюми моҳи феврали соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, ба ҳозирин иттилоъ дод.

Таъкид шуд, ки барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор шудани ин чорабинӣ нақшаи муштараки тасдиқшудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва Кумитаи ҷавонон ва варзиш бояд сари вақт дар амал татбиқ шавад.

 АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 10, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Марҳилаи пешбарии рӯйхати номзадҳо оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба анҷом расид
Конференсияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид
Номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Ёвон, №29 пешбарӣ гардид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон чӣ гуна татбиқ мегардад?
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор шуд
«ИНТИХОБОТ ВА ҶАВОНОН». Дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши тарғиботӣ баргузор гардид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Тартиби ташкили хазинаи интихоботӣ ва истифодаи он тасдиқ гардид
Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид
Дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Айнӣ, №22 номзад аз ҲХДТ пешбарӣ гардид
Вобаста ба нақши занону духтарон дар фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ вохӯрӣ доир шуд
Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии Рашт,№12 пешбарӣ карда шуд
Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Турсунзода, №5 пешбарӣ карда шуд