Иштироки фаъолонаи ҷавонон дар раванди интихобот бозгӯи камолоти фарҳанги сиёсию ҳуқуқии онҳо аст
ДУШАНБЕ, 25.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» дар шаҳри Душанбе иброз дошт, ки «Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бояд сармашқи кори ҳар яки мо бошад ва мо, халқи Тоҷикистон дар якҷоягӣ дар ободонии мамлакатамон саҳми бориз гузорем».
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки дар маҳфил нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
«Нуктаҳои асосии ҳар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои сокинони мамлакат нигаронида шудаанд. Пешвои миллат ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми Тоҷикистон, бахусус ҷавонон эътимоди комил доранд. Аз ин рӯ моро месазад, ки бо фаъолияти худ ва нишон додани натиҷаҳои самаранок сазовори эътимоди Роҳбари давлат гардем»,-таъкид гардид дар ҳамоиш.
Иштирокдорони ҳамоиш иброз намуданд, ки дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа тақозо менамояд, ки ҷавонон нисбат ба нақшу мавқеи худ фаъолтару бошууронатар муносибат намоянд. Таъкид шуд, ки яке аз василаҳои муҳими фаъол гардонидани нақши ҷавонон дар равандҳои сиёсӣ, аз ҷумла интихобот боло бурдани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо мебошад. Ҳар маъракаи интихобот, ки дар марҳилаҳои муайян дар мамлакат баргузор мешавад, имкони мусоиди санҷиши масъулиятшиносии ҷавонон аст, зеро маҳз дар ҳамин давра фазои сиёсии муносиб барои нишон додани мавқеи шаҳрвандӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон фароҳам оварда мешавад. Вобаста ба ин ҷалби ҷавонон ва фаъолияти онҳо дар раванди интихобот муҳим мебошад.
Гуфта шуд, ки иштироки фаъолонаи ҷавонон дар раванди интихобот васила ва нишони камолоти фарҳанги сиёсию ҳуқуқии онҳо мебошад. Муносибати бошууронаи ҷавонон ба иҷрои масъулияти шаҳрвандӣ, дарки вазифаҳо дар назди ҷомеа ва давлат ва кӯшиши иштироки фаъолона дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ифодаи ташаккули насли ҷавони худшинос дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
АКС: Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе








Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд






