Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор шуд

Январь 15, 2025 10:23

ДУШАНБЕ, 15.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  дар  Кумитаи иҷроияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни баргузории маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор номзади ин ҳизб ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҳисор, №7 пешбарӣ гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳо доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024, таъсиси Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ва пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҳисор, №7 баррасӣ гардиданд.

Бо назардошти маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода — интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор таъсис дода шуд. Инчунин аъзои ҳизб Зафар Ғафуров номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҳисор, №7 пешбарӣ гардид.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон

Январь 15, 2025 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Беларус дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд