МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли мунтазами чормағз организмро ҷавон ва таъсири афсурдаҳолиро рафъ месозад

Январь 1, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 01.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Агар инсон хоҳад, ки масунияташ баланд бошад, таъсири афсурдаҳолӣ ва фишори асабро коҳиш диҳад, раванди пиршавиро дар организм суст намояд, бехобиро бартараф созад, хотира ва ҳушёрии равониро беҳтар намояд, бояд то андозаи муайян чормағз истеъмол кунад. Чунин тавсия медиҳад доктори илмҳои тиб, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷаҳон Азонов.

Ба тавсияи ӯ, истеъмоли мунтазами чормағз метавонад масуниятро баланд намояд, инчунин таъсири афсурдаҳолӣ ва фишори асабу бехобиро коҳиш диҳад. Илова бар ин чормағз дорои витаминҳои C ва E мебошад.

Бояд гуфт, ки чормағз аз ҷиҳати экологӣ хеле тоза, хуштамъ ва дорои витаминҳои зиёди барои организм зарурӣ мебошад. Дар замонҳои қадим ин меваро ҷавонкунандаи организм меномиданд.

Чормағз дарахти мевадор, дарозумр, серҳосил ва калонҷусса буда, дар водиҳо ва баландкӯҳҳои Тоҷикистон хуб нашъунамо меёбад. Дарахти чормағз бисёрсола буда, баландиаш ба 35 метр мерасад. Мағзи чормағз хеле серғизо ва бомаза аст. Дар он 52-78 фоиз равған, 12-20 фоиз сафеда ва то 20 фоиз карбогидратҳо ва витаминҳо мавҷуд мебошанд. Равғани чормағз дар саноат арзиши калон дорад. Дар баргу пӯстлох ва меваи кабуди он витамини С ва моддаҳои обдиҳандаи пӯст мавҷуд аст.

Абӯалӣ ибни Сино дар китобҳояш навиштааст, ки «шираи чормағзро ба гӯш чаконанд, пеши варамкуниро мегирад».

Инчунин дар китоби «Канзи шифо» чунин омадааст: «Пӯсти сабзи самари чормағзро ба шукуфаҳои пӯст ва сабӯсаки сар бимоланд, фоида менамояд. Агар онро ба дандон бимоланд, милки дандонро сахт ва худи дандонро мустаҳкам мегардонад. Пӯсти тари решаи чормағзро ҳар панҷ рӯз як маротиба ба дандон бимоланд, мағзи сарро аз моддаҳои бегона пок месозад. Оби баргашро нимгарм дар гӯш чаконанд, онро аз чирк пок месозад».

Ҷаҳон Азонов мегӯяд, ки дар таркиби мағзи чормағз оҳан, фосфор, мис, равған ва сафеда мавҷуд буда, дар ҳазми таом ёрӣ мерасонад, қувваи инсонро зиёд менамояд ва сохтори асабро дар як маром нигоҳ медорад.

Абӯалӣ ибни Сино меваи чормағзро барои табобати касалиҳои узвҳои ҳозима, роҳи нафас ва бар зидди заҳри ҳашарот истифода мебурд.

Занони тоҷик аз чормағз барои тайёр намудани ҳалво (таркиби он: кунҷит, офтобпараст, шакар, чормағзи заминӣ) ва ҳар гуна шириниҳо васеъ истифода мебаранд. «Чормағз ба ҳазми ғизо кумак мерасонад ва меъдаро пурқувват менамояд. Хӯрдани он бо мавиз барои касалиҳои дил фоиданок аст. Барои ғадуди сипаршакл (зоб) доруи беҳтарин аст. Барги онро барои муолиҷаи бемориҳои чашм, ширинча, варами ғадудҳо, варами милки дандон, пӯсти бадан, зидди киҷа, рахит ва сил истифода мебаранд»,-изҳор дошт Ҷаҳон Азонов.

Чормағз инчунин ба системаи хунгарди дил таъсири мусбат мерасонад, ба камхунӣ, бемории баландшавии фишори хун фоиданок аст. Ба андешаи табибони халқӣ, пӯсти сабзи чормағзро дар об ҷӯшонида, бо он об даҳонро чайқонанд, варамҳои милки дандонро рафъ месозад ва дандонро мустаҳкам мегардонад. Пӯчоқи хушки чормағзро маҳин кӯфта, ба ҷароҳатҳо бипошанд, онҳоро хушк намуда, хунравиро манъ месозад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 1, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

АСОСНОККУНИИ ИЛМИИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Беморони гирифтори диабети қанд дар як шабонарӯз бояд 5-6 маротиба хӯрок истеъмол намоянд