Мавқеи паҳлавонони тоҷик дар рӯйхати ҷаҳонии гӯштини ҷудо муайян гардид

Январь 15, 2025 15:19

ДУШАНБЕ, 15.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии ҷудо дар сомонаи расмияш рӯйхати варзишгаронро дар раддабандии инфиродии ҷаҳонӣ нашр намуд, ки ба он паҳлавонони тоҷик низ дохил шудаанд. Дар ин хусус муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.

Темур Раҳимов дар рӯйхати ҷаҳонӣ байни мардон дар вазни беш аз 100 кило бо 5380 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор дорад. Дар ин рӯйхат дар вазни сангинтарин варзишгари фаронсавӣ Тедди Ринер бо 6800 имтиёз мақоми аввалро азхуд кардааст.

Эмомалӣ Нуралӣ дар раддабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 66 кило бо 4141 имтиёз дар ҷойи сеюм аст. Дар ин вазн Виллиан Лима аз Бразилия бо 5165 имтиёз дар раддабандии ҷаҳонӣ мақоми аввалро касб намудааст.
Бояд гуфт, ки Темур Раҳимов ва Эмомалӣ Нуралӣ дар байни варзишгарони тоҷик натиҷаи беҳтарин ба даст оварда, пешсаф мебошанд.

Сомон Маҳмадбеков дар раддабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 81 кило бо 4540 имтиёз дар ҷойи шашум аст. Ин натиҷа дар байни варзишгарони тоҷик дуюм мебошад. Дар вазни то 81 кило Тато Григалашвилии гурҷӣ бо 6435 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад.

Обид Ҷебов дар раддабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 66 кило бо 3698 имтиёз мақоми шашумро соҳиб шудааст. Бо ин натиҷа ӯ дар байни варзишгарони тоҷик ҷойи сеюмро мегирад.

Беҳрӯзи Хоҷазода дар рӯйхати ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кило бо 2560 имтиёз ҷойи 17-умро ишғол кардааст. Ӯ дар байни варзишгарони тоҷик дар зинаи чаҳорум қарор дорад. Дар феҳристи ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кило варзишгари озарбойҷонӣ Ҳидоят Ҳайдаров бо 8004 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шудааст.

Абубакр Шеров дар рӯйхати ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кило бо 2515 имтиёз ҷойи 18-ум азхуд кардааст. Натиҷаи ӯ дар байни варзишгарони тоҷик панҷум аст.

Дар рӯйхати ҷаҳонии ҷудо инчунин Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг бо 2190 имтиёз дар ҷойи 25-ум, Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кг, ки фаъолияти варзишиаш хотима ёфт, бо 2079 имтиёз дар ҷойи 28-ум, Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кг бо 1948 имтиёз дар ҷойи 30-юм, Меҳрзод Сӯфиев дар вазни то 60 кг бо 835 имтиёз дар ҷойи 52-юм, Шодмон Ризоев дар вазни то 81 кг бо 570 имтиёз дар ҷойи 70-ум ва Ҳақдод Гулов дар вазни то 60 кг бо 540 имтиёз дар ҷойи 72-юм қарор доранд.

Духтарони гӯштингири тоҷик низ ба рӯйхати ҷаҳонии ҷудо дохил шудаанд. Аҳлия Муъминова дар вазни то 52 кг бо 396 имтиёз дар ҷойи 75-ум, Виктория Киселёва дар вазни +78 кг бо 116 имтиёз дар ҷойи 102-юм ва Мадина Қурбонзода дар вазни 52 кг бо 182 имтиёз дар ҷойи 104-ум мебошанд.

Бояд гуфт, ки ду медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Парижи Фаронса натиҷаи беҳтарин дар варзиши гӯштини ҷудо дар соли 2024 аст.
Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Хотиррасон мешавем, ки соли 2024 паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо дар вазни то 81 кило дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ барандаи медали биринҷӣ гардид. Дарвоқеъ, ин дуюмин медал дар таърихи ҷудои тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон ба шумор меравад. Аввалин медалро дар ин мусобиқот паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев соли 2007 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ба даст овард. Вай дар вазни то 73 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гардонида шуд.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Январь 15, 2025 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон барои ҷамъомади тамринӣ ба Қатар рафт
Байни «Саноатсодиротбонк» ва Клуби футболи «Истиқлол» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Панҷакент мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ баргузор мешавад
ФУТБОЛ. Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар чемпионати CAFA-2025 иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занон интихоб шуд
Зуҳал Хуҷаназарова нахустин маротиба дар бозии Лигаи қаҳрамонҳои элитаи Осиё-2024/2025 ба ҳайси нозир фаъолият менамояд
Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон барои мизбонии Ҷоми Осиё-2031 пешниҳоди муштарак ирсол менамоянд
Дастаи «Истиқлол» барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон тими Арабистони Саудӣ бозии дӯстон мегузаронад
ФУТБОЛ. Гулмуроди Саъдулло бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои Индонезия ва Баҳрайнро доварӣ менамояд
«ҶОМИ РУШД-2025». Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар дастаи Эрон зафар ёфт
ҶОИЗАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Беш аз 1,7 миллион сомонӣ ба ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ супорида шуд