НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 31 донишҷӯи Академияи идоракунии давлатӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи мамлакат фиристода шуданд

Январь 28, 2025 14:16

ДУШАНБЕ, 28.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ 7 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин давра табодули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи мамлакат дар академия 31 нафарро ташкил дод. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Даврон Сафарзода ба доираи васеи рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Ба иттилои Даврон Сафарзода, Академияи идоракунии давлатӣ муасссисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ буда, барномаҳои таълимӣ, нақшаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибаомӯзии мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва фармоиши давлатиро оид ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Дар соли таҳсили 2024-2025 дар баробари ба тариқи тестӣ санҷидани савияи дониши донишҷӯёну магистрантон ҳамзамон тавассути иштирок дар машғулияти устодон ба сатҳи азхудкунии дониш ва фаъолияти омӯзгорон баҳо гузошта шуд. Зимни баҳогузорӣ маълум гардид, ки сифати таҳсил аз рӯйи шумораи донишҷӯёну магистрантон 59,7 фоиз ва азхудкунӣ 97,2 фоизро ташкил дод.

Дар самти ба анҷом расонидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҳавасмандгардонӣ Даврон Сафарзода иброз намуд, ки дар академия барои ҳимояи рисолаи номзадӣ 10 ҳазор сомонӣ ва рисолаи докторӣ 15 ҳазор сомонӣ мукофот муқаррар гардидааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 28, 2025 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид