НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Хуҷанд ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст
ДУШАНБЕ, 28.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тақвият бахшидан ба саноатикунонии босуръат дар шаҳри Хуҷанд соли 2024 аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 2 миллиарду 30,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 119,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус 28 январ дар нишасти матбуотии шаҳри Хуҷанд ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода гуфт, ки соли 2024 48 корхонаи нави истеҳсолии хурд бо 966 ҷойи кор таъсис дода шуд. Дар ин замина тамоми корхонаҳои шаҳр самаранок фаъолият намуда, неруи барқро сарфакорона истифода бурданд. Дар натиҷа талафоти барқ то 7,2 фоиз коҳиш ёфт. Ин амал барои татбиқ намудани ҳадафи муҳими стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ заминаи хуб мебошад.
Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар панҷ соли оянда сохтмон, навсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шудааст. Соли 2024 аз ин шумора 319 иншоот бунёд гардид.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






