Номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Сомонӣ, №8-и ноҳияи Рӯдакӣ пешбарӣ карда шуд

Январь 8, 2025 10:50

ДУШАНБЕ, 08.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 январ дар  ноҳияи Рӯдакӣ вобаста ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Сомонӣ, №8 ҷаласа баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тибқи рӯзномаи маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба  тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024, таъсиси Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ ва пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Сомонӣ, №8 баррасӣ гардид.

Зимни баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис иброз гардид, ки мутобиқи  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 2025 дар ҷумҳурӣ интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси вакилони халқ ва маҷлисҳои ҷамоатҳо баргузор мегардад.

Бо мақсади иштироки фаъолона ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин маърака тибқи дастуру супоришҳои дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо қабули қарори дахлдор дар ноҳия Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроия таъсис дода шуда, роҳбари ситод, муовин ва аъзои он тасдиқ гардид.

Сипас дар асоси талаботи моддаи 31-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номзадии Камолзода Илҳом Икром ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Сомонӣ, №8 ба муҳокимаи аъзои Кумитаи иҷроия пешниҳод гардид.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ

Январь 8, 2025 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаи интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ тасдиқ гардид
Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд