Аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Сино №4 пешбарӣ шуд

Январь 4, 2025 15:10

ДУШАНБЕ, 04.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Номзадии Рустам Шоҳмурод аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Сино №4 пешбарӣ гардид. Қарори дахлдор дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино, ки имрӯз баргузор гардид, қабул карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино хабар доданд.

Рӯзномаи маҷлис доир ба тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024, таъсиси Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино ва пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Сино-4 тасдиқ гардид.

Дар маҷлис нахуст Нақшаи чорабиниҳо оид ба таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 тасдиқ карда шуд.

Дар идома барои иштироки фаъолона ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани интихобот дар ноҳия Ситоди пешазинтихоботӣ таъсис дода шуда, роҳбари Ситод, муовин ва аъзои он тасдиқ гардид.

Тибқи моддаи 31-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаи интихоботии якмандата аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ тавассути Маҷлиси Кумитаи иҷроия (пленум) ва конференсияҳои онҳо доир шуда, 60 рӯз пеш аз интихобот оғоз мегардад ва 45 рӯз пеш аз интихобот ба охир мерасад.

Мақомоти шаҳрию ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ ба ҳар як ҳавзаи интихоботие, ки дар ҳудуди шаҳр ва ноҳия воқеъ гардидааст, як номзадӣ пешбарӣ мекунанд.

Ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Сино-4 номзадии Рустам Шоҳмурод ба муҳокимаи аъзои Кумитаи иҷроия пешниҳод шуд.

Номзади ҳизб, мутобиқи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба бюллетени овоздиҳии пинҳонӣ сабти ном карда шуда, аъзои Кумитаи иҷроия мавқеи худро муайан намуданд.

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Сино «Дар бораи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Сино-4» Рустам Шоҳмуродро пешбарӣ намуд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода тазаккур дод, ки барои амалӣ шудани Оиннома ва барномаи ҳизб ва дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, мавқеи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ҷомеа боз ҳам пойдору мустаҳкам менамоем.

Дар фарҷом оид ба масъалаи баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино

Январь 4, 2025 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаи интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ тасдиқ гардид
Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд