Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Фархор, №34 пешниҳод гардид

Январь 9, 2025 15:46

ДУШАНБЕ, 09.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 9 январ дар ноҳияи Фархор маҷлиси якҷояи кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор ва Панҷ баргузор гардид. Дар ин хусус ба  АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Дар маҷлис доир ба нақшаи чорабиниҳо оид ба таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 ва пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Фархор, №34  баррасӣ гардид.

Аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзадии Азизбек Хайриддинзода ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Фархор, №34 пешбарӣ гардид.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Январь 9, 2025 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаи интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ тасдиқ гардид
Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд