НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ аст. Бахшида ба ин сана муовини директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илми филология Шамсиддин Муҳаммадиев чунин ибрози назар намуд:
— Бузургдошти устод Рӯдакӣ ва баррасиву таҳқиқи осори боқимондаи ӯ ба унвони асосгузори адабиёти форсии тоҷикӣ барои ҳама давлатҳое, ки унсе бо адабиёти форсӣ доранд, хусусан барои мамлакатҳое, ки аз мероси бузурги адабӣ ба забони форсӣ ирс мебаранд, дорои аҳаммияти вижа мебошад. Зеро роҳеро, ки устоди панҷрӯдӣ бунён ниҳод, шоирони тавоное, чун Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдулқодири Бедил, Муҳаммад Иқбол, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Халилуллоҳи Халилӣ Маҳдӣ Ахавони Солис ва дигарон идома доданд.
Нақш ва мақоми устод Рӯдакӣ дар он ба андозаест, ки шоирони асрҳои баъдӣ дар тамомии давраҳо аз шеъри ӯ пайравӣ намудаанд ва ҳамагӣ ҳунари шоирии ӯро сутудаанд. Ӯ бо мазмунҳои баланди эҷодиёташ, санъати волои суханаш, ҷозибаву неру, содагии баён ва равонии сурудаҳояш намунаи олии шеъри тоҷикии форсиро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст, ки то имрӯз муҳаққиқон аз он мегӯянду менависанд. Осори боқимондаи Рӯдакӣ аз калимаҳои бегона поктар ва оганда аз вожагони ноби забони модарии ӯст, ки саҳифаҳои аксари фарҳангномаҳои қадими забони форсии тоҷикиро зеб додаанд. Муҳаққиқон осори боқимондаи Рӯдакиро баёнгари воқеияти зиндагӣ, афкору эҳсос ва андешаҳои ӯ медонанд ва дар он оҳангҳои хушиву нишот ва зиндагиро дӯст доштан, дасти дармондагонро гирифтан, ба онҳо ёрӣ расонидан ва дарки имрӯзии масъалаҳои иҷтимоиро хотирнишон сохтаанд.
Дигар аз паҳлуи эҷодиёти Рӯдакӣ, ки бар сиёсати давлати Сомониён такя мекард, ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳии мардум аз гузаштаи пурифтихор ва таъриху фарҳанги бостонии халқҳои эронӣ буд, ки баъдан дар «Шоҳнома» ба таври барҷаста намоён гардидааст. Ҳамчунин саҳми ӯ дар бунёнгузории анвои шеъри тоҷикӣ назаррас аст. Вале муҳимтарин хидмати ӯ такомул ва инкишоф бахшидан ба рушди забони тоҷикии форсӣ мебошад, ки дастуру қоидаҳои он дар адабиёти он давра, хоса шеъри Рӯдакӣ тарҳрезӣ шуда, ба забони меъёри илмӣ ва адабӣ табдил ёфта буд.
Дар солҳои нахустини таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи мо аз ин фарзанди фарзонаи худ ёд оварда, бо эълони Рӯзи Рӯдакӣ дар 23 наврӯзи соли 1926 муҳаққиқон ба омӯзишу таҳқиқи рӯзгору осораш шуруъ намуданд. Ин қарор дар яке аз шумораҳои маҷаллаи «Дониш ва омӯзгор» — нашрияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии шуравии Тоҷикистон бо такя ба «як силсила дархостҳои заҳматкашони тоҷик чи ба воситаи мақолот дар рӯзномаҳо ва чи ба воситаи ҳайати мушовараи вазорат» ба чоп расидааст. Номи Рӯдакӣ дар он солҳои мубориза барои ташкили Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон барои халқи тоҷик рамзи қадимии адабиёту фарҳанг ва давлати он гардида буд. Ин қарор дар соле буд, ки «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Айнӣ чоп шуда ва сархати он бо ному шеъри устод Рӯдакӣ оғоз меёфт. Воқеан барои оммаи васеи мардуми тоҷик ному осори устод Рӯдакӣ маҳз ба туфайли навиштаҳои меҳандӯстонаву миллатдӯстонаи устод Айнӣ ошно гардид. Мисраъҳои шоири шаҳири зиндаёд гӯё бар ин ҳақиқат мебошанд:
Ин ҳақиқат мекунад чашми маро ҳар бор тар,
Кас набуд дар Панҷрӯд аз Рӯдакӣ гумномтар.
Гарчи табъи Рӯдакӣ шеъри закӣ эҷод кард,
Офарин бар табъи Айнӣ Рӯдакӣ эҷод кард!
Мутаассифона, душманони миллати мо дар он солҳои мудҳиш устод Айнӣ ва устод Рӯдакиро бо баҳонаи ситоиши амиру даъвати он ба Бухоро душмани сохти нав хонданд ва ин ҷашну ин рӯз аз хотирҳо зудуда шуданд. Соли 1958 бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистони Шуравӣ 1100 – солагии шоир ҷашн гирифта шуда, ба ҳамин муносибат китобҳои «Осори Рӯдакӣ» ва «Осори ҳамасрони Рӯдакӣ» аз чоп баромаданд. Таҳқиқоти зиёде, аз ҷумла монографияи «Абу Абдулло Рӯдакӣ» — и Абдулғанӣ Мирзоев ба нашр расиданд.
Хидматҳои устод Садриддин Айнӣ дар ҷустуҷӯ ва муайян кардани осору аҳвол ва ба хусус зодгоҳи Рӯдакӣ хеле бузург аст, ки дар ин бора зиёд гуфта ва навиштаанд. Ин аст, ки нахустин муҳаққиқи рӯзгору осори шоир Саид Нафисӣ навишта буд: «Кореро, ки Амир Исмоили Сомонӣ бо шамшери буррандаи хеш оғоз карда буд, Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад бо хомаи хеш ба поён расонид. Ин Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад роҳбаре тавоно буд, ки роҳро бар Дақиқӣ ва Кисоӣ ва Фирдавсӣ кушуд ва муҳандиси ҳунарманде буд, ки хонаи ҷовидонии Унсурӣ ва Фаррухӣ ва Асҷадӣ ва Мунҷик ва Носири Хусравро пояе устувор ниҳод».
Ҳамин саргузашти Рӯдакиро бо корномаи Саид Нафисӣ дар эҳёи осору аҳволи шоир дар қасидае тӯлонӣ устоди фақиди шеъри форсӣ Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр ба риштаи назм кашидааст, ки ин байтҳои пур аз муҳаббату ихлосу самимият аз он ҷост:
Вақт хуш буд оли Сомонро,
Ҷой дар хиттаи Хуросон буд.
Рӯдакӣ низ чун дури шоҳвор,
Зеби дарбори Оли Сомон буд.
Ҳамчу теғи Амир Исмоил,
Хомаи Рӯдакӣ ба ҷавлон буд.
Рӯдакӣ кори Пури Дастон кард,
К-ин ҳунар кори Пури Дастон буд.
Дар низои бақои миллият,
Аввалин қаҳрамони майдон буд.
Миллати мо раҳини миннати ӯст,
Миннат ӯро сазад, ки маннон буд.
Рӯдакӣ бо ду чашми нобино,
Раҳнамои маолбинон буд.
Аввалин бор раҳе паймуд,
К-иш на пайдо карону поён буд.
Дигарон пайравони Рӯдакианд,
Нотавонанд Рӯдакисон буд …….
Дастгириву ташвиқи амирони сомонӣ аз назми шоҳномаҳо ва ривоҷи тарҷумаи осори ҳамосии пешиниён ва таваҷҷуҳ ба фарҳанги бостонии миллати мо ба вуҷуд омадани осоре, ба мисли «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсиро дар пай дошт. Маҳз бо ғамхориву пуштибонии амирони Сомонӣ навиштани осори илмиву адабӣ ба забони порсии дарӣ тавсиа ва рушди бесобиқа пайдо намуда, ниҳоли нозуки риштаҳои гуногуни фарҳангу тамаддуни миллӣ дар сарзаминҳои ёдшуда дар он рӯзгори босаодат шинонида шуд. Он дар асрҳои баъдӣ меваҳои лазизу ширин ба бор овард, ки имрӯз оламиён комҳои завқи хешро дар тамоми дунё аз он ширин мекунанд.
Ному корномаи адабии падари шеъри тоҷикии форсӣ дар симои мактаби эҷодие, ки худ бунёд ниҳода буд, идома дорад ва рӯзгору осори ӯ дар тамоми марказҳои шарқшиносӣ ва эроншиносии дунё омӯхта мешавад; ҳамоишҳои илмӣ бо иштироки донишмандони варзида аз давлатҳои гуногуни олам- чи дар ҷумҳурии азизамон ва чи хориҷ аз он доир мегарданд. Чунин нишастҳои илмӣ ба боло рафтани ифтихори ватандӯстии халқҳои сарзамини мо, ваҳдати онҳо ва дигар мардумони ҳавзаи фарҳангии тоҷикии форсӣ мусоидат мекунад.
АКС: АМИТ «Ховар»








ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
Моҳи октябр Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид
ҲИФЗУ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛОТИИ КӮДАКОН ДАР ДУНЁИ РАҚАМӢ. Чӣ гуна амнияти иттилоотии онҳоро таъмин намоем?
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Истифодаи оқилонаи он барои рушди иқтисоди рақамии Тоҷикистон имконоти нав фароҳам меорад
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!






