Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Турсунзода, №5 пешбарӣ карда шуд

Январь 10, 2025 16:57

ДУШАНБЕ, 10.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шаҳри  Турсунзода баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ медиҳад.

Дар маҷлис муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода доир ба татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушду пешрафти ҷомеаи муосири Тоҷикистон  сухан намуда, нуктаҳои асосии барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро, ки дар анҷумани 15-уми ҳизб қабул гардидааст, тавзеҳ дод.

Ҳамзамон дар маҷлис  вазифаҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои  тарғиб ва татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Бо назардошти баргузории маъракаи муҳими сиёсии дар пешистода-интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди пешазинтихоботии назди Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Турсунзода таъсис дода шуд. Инчунин Ғафурҷон Собирзода номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Турсунзода,№5 пешбарӣ гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Январь 10, 2025 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Марҳилаи пешбарии рӯйхати номзадҳо оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба анҷом расид
Конференсияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид
Номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Ёвон, №29 пешбарӣ гардид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон чӣ гуна татбиқ мегардад?
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор шуд
«ИНТИХОБОТ ВА ҶАВОНОН». Дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши тарғиботӣ баргузор гардид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Тартиби ташкили хазинаи интихоботӣ ва истифодаи он тасдиқ гардид
Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид
Дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Айнӣ, №22 номзад аз ҲХДТ пешбарӣ гардид
Вобаста ба нақши занону духтарон дар фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ вохӯрӣ доир шуд
Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии Рашт,№12 пешбарӣ карда шуд
Иштироки фаъолонаи ҷавонон дар интихобот нишонаи масъулияти баланди шаҳрвандии онҳо аст