Номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ муаррифӣ шуданд

Январь 23, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 23.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  дар  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар маҷлис фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар соли 2024 натиҷагирӣ ва вазифаҳо барои соли 2025 гузошта шуданд. Ҳамчунин тасдиқи нақшаи кори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия барои соли 2025,  пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаҳои интихоботии №48, №49, №50 ва №51-и ҳудуди ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ,  пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар 40 ҳавзаи интихоботии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сипас  номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаҳои интихоботии №48, №49, №50 ва №51-и ҳудуди ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ пешбарӣ шуданд.

Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» номзадии Саидзода Ҷамшед Ҳамро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии № 48, номзадии Нурулло Мирзозода ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии №49, номзадии Моҳира Маҳмуродзода ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии №50 ва номзадии Марҷона Муродова ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии № 51 пешбарӣ гардиданд.

 АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Январь 23, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаи интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ тасдиқ гардид
Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд