Номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Файзобод, №11 маълум гардид

Январь 9, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 09.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзадии Асадулло Наҷмиддиниён ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Файзобод, №11 пешбарӣ гардид. Қарори дахлдор дар маҷлиси якҷояи Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Файзободу Нуробод ва шаҳрҳои Роғуну Ваҳдат қабул гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Баъд аз тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024, мутобиқи банди 39-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод таъсис дода шуд.

Тибқи масъалаи дигарии рӯзномаи маҷлис, номзадии Асадулло Наҷмиддиниён аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Файзобод, №11 пешбарӣ гардида, ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дастгирӣ ёфт.

Дар идома барои боз ҳам беҳтар пеш бурдани фаъолияти ҳизб дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб ва омодагии ҷиддӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи сиёсии интихоботи вакилон ба аъзои Кумитаи иҷроия дастур дода шуд.

Дар фарҷом оид ба масъалаи баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Январь 9, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Марҳилаи пешбарии рӯйхати номзадҳо оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба анҷом расид
Конференсияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид
Номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Ёвон, №29 пешбарӣ гардид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон чӣ гуна татбиқ мегардад?
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор шуд
«ИНТИХОБОТ ВА ҶАВОНОН». Дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши тарғиботӣ баргузор гардид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Тартиби ташкили хазинаи интихоботӣ ва истифодаи он тасдиқ гардид
Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид
Дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Айнӣ, №22 номзад аз ҲХДТ пешбарӣ гардид
Вобаста ба нақши занону духтарон дар фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ вохӯрӣ доир шуд
Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии Рашт,№12 пешбарӣ карда шуд
Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Турсунзода, №5 пешбарӣ карда шуд