«ОЛИҲАИ МЕҲР». Маҷмуа ба мақоми занони фаъоли тоҷик дар рушди ҷомеа бахшида шудааст
ДУШАНБЕ, 02.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори идораи рӯзномаи «Хатлон» дар матбааи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ношир-С»-и шаҳри Бохтар маҷмуаи «Олиҳаи меҳр» аз чоп баромад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар рӯзномаи «Хатлон» хабар доданд.
Маҷмуаи «Олиҳаи меҳр» бозгӯкунандаи бузургии модар ва саҳму мақоми занони фаъоли тоҷик дар рушди ҷомеа мебошад. Ин китоб ҳосили озмунҳои эҷодии «Олиҳаи меҳр» ва «Занон–нигини тоҷи миллат» аст, ки дар партави ҳидоятҳои ҳикматбори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба гиромидошти модар ва ба ифтихори 25-солагии қабули Фармони таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз ҷониби идораи рӯзномаи «Хатлон» дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон доир гардиданд.
Дар китоб мақолаҳо, очеркҳо, шеъру таронаҳо дар васфи зан-модар гирдоварӣ шудаанд.
Тавре ки дар пешгуфтори китоб гуфта шудааст, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳамин аст, ки бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030” қабул карда шудааст. Бо амалӣ гардонидани чунин иқдом Ҳукумати мамлакат мавқеи занонро дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ таҳким бахшида, барои истифодаи неруи бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор фароҳам месозад.
Нақши занон дар пойдор нигоҳ доштани оила, боло бурдани нақши иҷтимоии оила дар ҷомеа, таъмини осудаҳолӣ ва танзими сарфу харҷи он бениҳоят калон аст. Қабул ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо гузашти айём нишон дод, ки воқеан ҳам саҳми занон дар татбиқи самараноки он бағоят намоён буда, он аз ҳар зан фарҳанги волои сариштакорӣ ва рӯзгордориро тақозо менамояд, — омадааст дар пешгуфтори китоб.
Маҷмуа аз се қисмат иборат буда, маводи пурмуҳтавои публитсистӣ, таронаву шеърҳоро фаро гирифтааст ва ба доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Давоми соли сипаришуда аз ҷониби идораи рӯзномаи «Хатлон» 7 китоби тозанашр — «Садоқат ба Пешвои миллат- садоқат ба Ватан», «Панҷоҳ варақ ханда», «Асосҳои таҳрири матни журналистӣ», «Рисолати муҳаррир», «Журналистикаи парламентӣ», «Ашки қалам» ва «Маърифати ҳуқуқӣ» пешниҳоди хонандагон гардиданд.
АКС: Рӯзномаи «Хатлон»








Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст






