ҚОНУНИ ТАНЗИМИ ТОҶИКИСТОН-НАМУНА БАРОИ ИБРАТ. Дар Қирғизистон барои исрофкорӣ дар тӯю маросими дафн ҷарима ситонида мешавад

Январь 29, 2025 14:54

ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воқеан дар танзими анъанаю оинҳои мухталифи ҷамъиятӣ, аз ҷумла тӯй, маросими дафн ва дигар чорабиниҳои муҳим бо мақсади пешгирӣ намудани хароҷоти зиёдатӣ ва муташаккилона гузаронидани расму таомул қадами муҳим гардид. Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон 8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Ин қонун тартиби гузаронидани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.

Як бахши муҳимми ин қонун ворид кардани муқаррароте буд, ки ба коҳиши сарбории молии оилаҳо, ҳамчунин талош барои маҳдуд кардани ҷашну маросими «дабдабанок»-и намоишӣ, ки сабаби уҳдадориҳои қарзӣ ва ташаннуҷи иҷтимоӣ мегардиданд, равона буд. Қонун як навъ намуна барои давлатҳои дигари минтақа, аз ҷумла Қирғизистон гардид, ки дар ин кишвар низ мушкилоти гаронии тӯю маъракаҳо мавҷуд аст.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории «Kazinform» хабар медиҳад, вакилони парлумони Қирғизистон пешниҳод мекунанд, ки ҳангоми баргузории анъана ва ҷашну маросим хароҷоти зиёдатӣ маҳдуд карда шавад. Дар лоиҳаи қонун, ки ба муҳокимаи омма гузошта шудааст, пешниҳод мегардад, ки чорабиниҳои зерини оилавӣ танзим карда шаванд:

-дар маросими дафн забҳи чорвои майда, асп ё чорвои калон иҷозат дода намешавад;

-иҷозат дода мешавад, ки пас аз се рӯзи дафни марҳум бо забҳи на бештар аз як асп ва ё гов маросими ёдбуд (қироати «Қуръон») баргузор карда шавад;

-гузаронидани ёдбуд (оши худоӣ) дар рӯзи сеюм, ҳафтум, чилум ва солгард манъ аст;

— даъвати на бештар аз 250 нафар ба тӯй ва забҳи як гов ё асп иҷозат аст;

-«кизузату» (гусели арӯс) бо забҳи як гов ё асп анҷом дода шуда, на бештар аз 100 нафар даъват карда шаванд;

-ҳангоми якҷоя гузаронидани тӯй ва «кизузату» забҳи як гов ё асп ва даъвати на бештар аз 350 нафар иҷозат дода мешавад;

-дар корвони арӯсӣ на бештар аз се мошин иҷозат дода мешавад;

-ҳангоми гузаронидани расму оин, ҷашну анъанаҳои дар боло гуфташуда ташкили хароҷоти зиёдатӣ, аз қабили «кийиткийгизүү», «себетберүү», «конок берүү», «түштөнтүү» ва дигар таомули ҳамшабеҳ манъ аст.

Барои риоя накардани талаботи қонун соҳиби ҷашн ба маблағи 300 ҳазор сом ва соҳиби муассиса 100 ҳазор сом ҷарима карда мешаванд.

Ташаббускорони ин санад иброз медоранд, ки солҳои охир дар кишвар рӯйдодҳои номатлуби марбут ба ҷашну маърака ва маросими дафн, ки ба расму оинҳои аслии мардум мувофиқат намекунанд, афзоиш ёфта, ба вазъи молиявии хонаводаҳо хисороти ҷиддӣ ворид мекунанд.

Лоиҳаи қонун ба бартараф намудани дуршавӣ аз арзишҳои аслии фарҳанги миллӣ- вақте ки урфу одат ва расму оин ба воситаи рақобати беасос ва ғурури хушку холӣ табдил ёфта, ҳадафашон нишон додани боигарӣ мебошад, равона шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 29, 2025 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 44 дараҷа гарм мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд