Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 11.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» аз рӯи се номинатсия ҷамъбаст гардид. Ғолибони ҷойи якум бо маблағи пулии 5 ҳазор сомонӣ, ҷойҳои дуюм бо 3 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои сеюм бо 2 ҳазор сомонӣ ва Диплом қадрдонӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Дар номинатсия байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва умумӣ хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Файзигул Хайруллоева сазовори ҷойи якум, дар номинатсия байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳалима Сафарова соҳиби ҷойи якум ва дар номинатсия байни хизматчиёни давлатӣ ва омма омӯзгори Гимназияи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Дилшод Ниёзов соҳиби ҷойи якум шуданд.
Дар озмуни шаҳрӣ 47 нафар иштирок намуда, донишу малакаи худро нишон доданд.
Ҳадаф аз баргузории Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» арҷгузорӣ ба Истиқлолияти давлатӣ, сулҳ ва ризоияти миллӣ, мактаби давлатдорӣ, ваҳдатофаринӣ, инсондӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи иштирокчиён ба озмун зиёд гардида, дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, хизматчиёни давлатӣ ва сокинон иштирок менамоянд. Зеро китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсро ба ватандӯстию ватанпарастӣ, инсондӯстӣ ва ваҳдатофаринӣ ҳидоят менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» оғоз гардид
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд






