Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» оғоз ёфт

Январь 9, 2025 16:37

ДУШАНБЕ, 09.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе  озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Озмун байни ноҳияҳои пойтахт гузаронида шуда, ғолибони даврҳои ноҳиявӣ ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Дар озмуни шаҳрӣ 47 нафар иштирок намуда, донишу малакаи худро ба ҳакамон пешкаш мекунанд. Аз оғози даври шаҳрии озмун аён гардид, ки ҳар иштирокчӣ бо тайёрии хеле хуб ва боварии комил ба ғолибият дар озмун ҳозир шудааст.

Масъулин ҳадаф аз баргузории  ин озмунро — арҷгузорӣ ба Истиқлолияти давлатӣ, сулҳ ва ризоияти миллӣ, мактаби давлатдорӣ, ваҳдатофаринӣ, инсондӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  арзёбӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи иштирокчиён ба озмун зиёд гардида, дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, хизматчиёни давлатӣ ва оммаи мардум иштирок менамоянд. Зеро китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсро ба ватандӯстию ватанпарастӣ, инсондӯстӣ ва ваҳдатофаринӣ ҳидоят менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Январь 9, 2025 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад