Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ — роҳнамо дар роҳи созандагию бунёдкорӣ ва расидан ба ормонҳои миллӣ
ДУШАНБЕ, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид, ҳамчун барномаи дурнамои давлатӣ дар самти амалигардонии ҳадафҳои рушди мамлакат нақши меҳварӣ дошта, барои ҳар сокини бошарафи давлати соҳибистиқлоламон дастурамали роҳнамо дар ҷодаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин санади муҳим дар рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳми амиқ мегузорад.
Бояд гуфт, ки дар роҳи давлатсозӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол дар умум ҳама паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба сифати ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ баромад намуда, шаҳрвандони ҷумҳурӣ, бахусус ҷавононро ҳамчун неруи пешбаранда водор менамоянд, ки рисолати шаҳрвандиашонро дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ адо намоянд. Зеро Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз замири сокинони мамлакат маншаъ гирифта, шаҳрвандонро ба бунёдкорию созандагӣ ташвиқ менамояд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар марҳалае пешниҳод гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди бисёр мураккаби сиёсию геополитикӣ қарор дошта, таъмини суботу аманият барои миллатҳою давлатҳо аз авлавияти хос маҳсуб мешавад. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, хушбахтона, бо сарҷамъию муттаҳидӣ ва созандагию бунёдкорӣ соли 2024 соли таърихӣ барои мардуми шарифи мамлакат маънидод мегардад. Зеро бо татбиқи қонунҳои миллӣ-давлатӣ ва маданияти баланди ахлоқию фарҳангӣ ва саъю талошҳои пурсамари шаҳрвандон мо тавонистем дар ҳама самтҳо ва бахшҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.
Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар фарди худогоҳ ва соҳибватанро зарур аст, ки бо дарки баланди худшиносию худогоҳии миллӣ санадҳои олии ҳуқуқии мамлакат ва бахусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим»-ро қотеъона риоя намуда, барои донишманд намудан ва тарбияи насли ҷавону наврас худро масъулиятшинос донад. Зеро бо қабули қонун давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросими миллию фарҳангӣ рӯ оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амали бениҳоят хайрро анҷом дод. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар бахши танзими анъана ва ҷашну маросим сабаб гардид, ки хароҷоти зиёдатӣ дар зарфи 17 соли амалкарди ин қонуни миллӣ пешгирӣ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон ҳимоя карда шаванд.
Набояд фаромӯш намуд, ки бақои миллату давлат аз ҷавонони донишманду хушахлоқ ва боистеъдод вобастагии амиқ дошта, марҳилаи кунунии пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол тақозо менамояд, ки ҳар шаҳрванди худшиносу худогоҳ бояд донишу таҷриба ва ахлоқи волою намунавӣ дошта, забондон бошад. Зеро маҳз бо донишу таҷриба, адабу ахлоқ, риояи қонунҳои миллию давлатӣ ва маърифати баланд мо метавонем нақшаҳои асосии стратегиямонро амалӣ карда, ба ҳадафҳои рушди устувор ноил гардем.
Воқеан ҳам илму маориф ба тафаккури инсон таъсири мусбат расонида, дар ташаккули шахсияти ҳар фарди мамлакат ва мубориза бо зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризму ифротгароӣ нақши босазо мегузоранд.
Мо вазифадор ҳастем, ки ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар хонадони мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар рӯз ва ҳамеша саъю талош намоем. Хусусан мо бояд ин гуфтаи Роҳбари давлатро сармашқи кори ҳамешагии худ қарор диҳем: «Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтию осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем».
Манзура ФАЙЗУЛЛОЗОДА,
мудири Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рашт
АКС: АМИТ «Ховар»/бойгонии муаллиф








РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст






