Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён «Профессори фахрӣ»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон шуд

Январь 16, 2025 15:47

ДУШАНБЕ, 16.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ташриф овард, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Зимни ташриф меҳмони воломақомро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  ҳамроҳӣ намуданд.

Баъд аз пазироии гарму самимӣ доктор Масъуд Пизишкиён ва ҳайати ҳамроҳонаш бо дастовардҳои илмии ҳайати профессорону омӯзгорон ва Маркази симулятсионии донишгоҳ шинос шуданд.

Сипас, дар толори калони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон суҳбату вохӯрии самимию ошкорои Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳассилини Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон баргузор гардид.

Қарори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино вобаста ба сарфарозгардии доктор Масъуд Пизишкиён ба унвони «Профессори фахрӣ»-и донишгоҳ қироат гардида, дар фазои тантанавӣ ба меҳмони олиқадр дипломи профессорӣ  супорида шуд.

Иброз гардид, ки ба ин унвон  доктор Масъуд Пизишкиён барои хизматҳои шоён дар рушди илми тиб ва ҳамкории босамар дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ сарфароз гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён зимни суханронӣ барои сарфароз гардидан ба ин унвон, истиқболи гарму самимӣ ва меҳмоннавозии гарму ҷӯшон ба мардуми Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, барои ҳамкории минбаъда дар соҳаи тандурустӣ изҳори умедворӣ намуд. «Мо омодаем, ки дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла табодули таҷрибаи табибон, дорусозӣ, ҷарроҳӣ, пизишкӣ ва дигар самтҳои соҳа ҳамкориро густариш диҳем»,-изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон.

Инчунин изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон боз ҳам тақвият меёбад.

Таъкид шуд, ки Масъуд Пизишкиён бо вуҷуди дастовардҳои бемисл доираи фаъолияти худро васеъ намуда, ба татбиқи ислоҳоти самарабахш дар низоми тандурустии Ҷумҳурии Исломии Эрон пардохтаанд.

Тавре таъкид гардид,  дар заминаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон якчанд  корҳои судманд анҷом дода шудаанд.

Аз ҷумла, танҳо давоми ду соли охир 160 нафар мутахассисони соҳаи тандурустии мамлакати мо дар донишгоҳҳои тиббии Эрон ба таҳсил фаро гирифта шуданд ва  онҳо имрӯз бо касбияти баланд ба нафъи мардуми мамлакат хизмат менамоянд.

Таъкид шуд, ки дар айни замон дар Тоҷикистон номгӯйи 37 намуд доруҳои истеҳсоли ширкатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сабти давлатӣ гирифта шудааст.

Ҳамзамон дар шаҳри Душанбе Бемористони ҳозиразамони муштараки Тоҷикистон ва Эрон ба номи Ибни Сино фаъолият дорад.

Дар анҷом Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён дар дафтари махсуси меҳмонони фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон соядаст гузошт.

 

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳир САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»

Январь 16, 2025 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд