Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён «Профессори фахрӣ»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон шуд
ДУШАНБЕ, 16.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ташриф овард, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Зимни ташриф меҳмони воломақомро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳамроҳӣ намуданд.
Баъд аз пазироии гарму самимӣ доктор Масъуд Пизишкиён ва ҳайати ҳамроҳонаш бо дастовардҳои илмии ҳайати профессорону омӯзгорон ва Маркази симулятсионии донишгоҳ шинос шуданд.
Сипас, дар толори калони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон суҳбату вохӯрии самимию ошкорои Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳассилини Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон баргузор гардид.
Қарори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино вобаста ба сарфарозгардии доктор Масъуд Пизишкиён ба унвони «Профессори фахрӣ»-и донишгоҳ қироат гардида, дар фазои тантанавӣ ба меҳмони олиқадр дипломи профессорӣ супорида шуд.
Иброз гардид, ки ба ин унвон доктор Масъуд Пизишкиён барои хизматҳои шоён дар рушди илми тиб ва ҳамкории босамар дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ сарфароз гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён зимни суханронӣ барои сарфароз гардидан ба ин унвон, истиқболи гарму самимӣ ва меҳмоннавозии гарму ҷӯшон ба мардуми Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, барои ҳамкории минбаъда дар соҳаи тандурустӣ изҳори умедворӣ намуд. «Мо омодаем, ки дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла табодули таҷрибаи табибон, дорусозӣ, ҷарроҳӣ, пизишкӣ ва дигар самтҳои соҳа ҳамкориро густариш диҳем»,-изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон.
Инчунин изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон боз ҳам тақвият меёбад.
Таъкид шуд, ки Масъуд Пизишкиён бо вуҷуди дастовардҳои бемисл доираи фаъолияти худро васеъ намуда, ба татбиқи ислоҳоти самарабахш дар низоми тандурустии Ҷумҳурии Исломии Эрон пардохтаанд.
Тавре таъкид гардид, дар заминаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон якчанд корҳои судманд анҷом дода шудаанд.
Аз ҷумла, танҳо давоми ду соли охир 160 нафар мутахассисони соҳаи тандурустии мамлакати мо дар донишгоҳҳои тиббии Эрон ба таҳсил фаро гирифта шуданд ва онҳо имрӯз бо касбияти баланд ба нафъи мардуми мамлакат хизмат менамоянд.
Таъкид шуд, ки дар айни замон дар Тоҷикистон номгӯйи 37 намуд доруҳои истеҳсоли ширкатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сабти давлатӣ гирифта шудааст.
Ҳамзамон дар шаҳри Душанбе Бемористони ҳозиразамони муштараки Тоҷикистон ва Эрон ба номи Ибни Сино фаъолият дорад.
Дар анҷом Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён дар дафтари махсуси меҳмонони фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон соядаст гузошт.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳир САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»


















Дар ноҳияи Айнӣ беморхонаи минтақавӣ бунёд карда мешавад
Таҷрибаи Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар доираи СҲШ муаррифӣ карда шуд
20 АПРЕЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Ин мақомот сиёсати ҳуқуқии давлатро таъмин мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай фаромӯшхотириро кам мекунад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид






