Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Январь 27, 2025 12:40

ДУШАНБЕ, 27.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Александр Григоревич,

Дар робита ба пирӯзии комилатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Шумо табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти инҷонибро иброз менамоям.

Натиҷаҳои овоздиҳии анҷомёфта ва иштироки фаъоли интихобкунандагон дар он боз ҳам сатҳи баланди эътимод ва ҷонибдории васеи ҷомеаи Беларусро аз роҳи стратегии Шумо, ки ҷиҳати рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ татбиқ мегардад, собит сохтанд.

Бо қаноатмандӣ ҷараёни хуби рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Беларусро дар рӯҳияи шарикии стратегӣ таъкид менамоям.

Бовар дорам, ки мо бо талошҳои муштарак минбаъд ҳам пешбурди самарабахши ҳамкории Тоҷикистон ва Беларусро таъмин карда, онро бар нафъи мардумони ба ҳам бародарамон бо муҳтавои нави амалӣ ғанӣ хоҳем гардонид.

Ба Шумо, муҳтарам Александр Григоревич, сиҳатмандии бардавом ва дар татбиқи тамоми иқдомҳоятон дар мақоми олии давлатӣ комёбиҳои нави бузург, ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Беларус сулҳу некӯаҳволӣ ва пешрафти рӯзафзун  орзумандам».

Январь 27, 2025 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд