Сафири Тоҷикистон бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон мулоқот намуд

Январь 2, 2025 08:58

ДУШАНБЕ, 02.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Солеҳии Амирӣ мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкории  дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи сайёҳӣ байни ду давлат, ташкили давраҳои бозомӯзӣ барои ҳунармандони саноеи дастӣ, пешниҳоди номинаҳои муштараки фарҳангӣ барои сабт дар ЮНЕСКО ва тармиму бозсозии осори таърихӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо бо ин мақсад дар самтҳои мазкур таъсиси Кумитаи муштараки ҳамкорӣ  байни ду давлатро  зарур донистанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Январь 2, 2025 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд