Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
ДУШАНБЕ, 04.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати корҳои хориҷӣ таъин шуданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” Зариф Мирдадо ва Даврон Зоҳидзода аз вазифаи муовинҳои раиси вилояти Суғд бо сабаби гузаштан ба кори дигар озод шуда, Файзулло Қосимӣ, Ҷамшед Ҷӯразода ва Зуфар Исмоилзода муовинони раиси вилояти Суғд таъйин гардиданд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони нави шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бустон, Гулистон, Шаҳристон, Айнӣ ва Зафарободи вилояти Суғд аз ҳисоби мутахассисони ҷавони варзида таъин карда шуданд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомӣ Содиқ Ашурбойзода Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия таъин гардид.
Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба давлат ва мардуми Тоҷикистон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ, ба хусус соҳибкории истеҳсолӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани иқтидори содиротии кишвар, фаровон муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, бунёду навсозии роҳу коммуникатсия, муассисаҳои тиббию таълимӣ ва томактабӣ ҳидоят намуданд.
Дар фароварди суҳбат Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар муомила бо мардум фарҳанги баланди муошират ва одобу ахлоқи намунавӣ дошта бошанд.








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои бартарафсозии пурраи оқибатҳои сел дар ноҳияи Рӯшон супориш доданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон анҷом ёфт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи миллии таърихии Муғулистон боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Муғулистон Ням-Осорин Учрал мулоқот намуданд
Изҳороти муштарак дар бораи тавсеа ва рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух
Имзои санадҳои нави дуҷониба оид ба ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон ва маросими истиқболи расмӣ
Cарони давлатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ухнаагийн Хурэлсух ниҳоли дӯстӣ шинониданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Улан-Батори Муғулистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон






