Шуруъ аз моҳи март «Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Теҳрон-Душанбе зиёд менамояд
ДУШАНБЕ, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 5 марти соли 2025 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе — Теҳрон — Душанбе ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои душанбе ва чоршанбе анҷом медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» директори генералии ширкати сайёҳии «Сомон Трэвел» Умедҷон Саидзода иттилоъ дод.
Ин иқдом марҳилаи нави рушди робитаҳои сайёҳӣ ва тиҷоратӣ байни ду давлат арёзбӣ мегардад.
«Зиёд намудани шумораи парвозҳо имкон медиҳад, ки сафарҳо дар ин масир дастрас ва барои сайёҳон мувофиқ гарданд. Зиёд намудани парвозҳо дар ин хатсайр қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории фарҳангӣ ва иқтисодӣ мебошад», — таъкид намуд директори генералии ширкати сайёҳии «Сомон Трэвэл».
Тавассути парвозҳои мунтазами «Сомон Эйр» сайёҳон метавонанд бо ҷозибаҳои беназири Тоҷикистон ва Эрон, фарҳанги бой ва таърихи ду халқи дӯст аз наздик шинос шаванд.
Ширкати сайёҳии «Сомон Трэвел» бо истифода аз ҷадвали нави парвозҳо доираи васеи хизматрасониҳои сайёҳӣ, аз ҷумла банд кардани меҳмонхонаҳо, интиқол ва ташкили экскурсияҳоро пешниҳод менамояд.
Хоҳишмандон метавонанд барои фармоиш додани бастаи сайёҳӣ ва гирифтани маълумоти иловагӣ ба идораҳои «Сомон Эйр» ва «Сомон Трэвел» муроҷиат намоянд.
Ёдовар мешавем, ки 24 августи соли 2024 бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон ва ҷалби сайёҳон ба мамлакат дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти унвони «Tajikistan—Iran Roadshow» чорабинии сайёҳӣ баргузор гардида буд.

Ба иштирокдорон дар бораи бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз ҷумла иқтидори бойи табиӣ, сайёҳӣ, табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои сайёҳии варзишию кӯҳнавардӣ маълумот дода шуд. Ҳамзамон дар бораи соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ба иштирокдорон видеоҳои нав намоиш дода шуданд.
Зимни чорабинӣ дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуда, дар ҷараёни гуфтушунид байни ширкатҳои сайёҳии ду давлат созишномаҳои дахлдор ба имзо расиданд.
Иштироки намояндагони ширкатҳои сайёҳии мамлакат дар чорабиниҳои гуногуни сайёҳӣ дар хориҷи мамлакат роҳи самараноки ҷалби гардишгарони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, барои васеъ гаштани ҳамкории ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон бо ширкатҳои давлатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Ширкати сайёҳии «Сомон Трэвел»








Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






