ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 январ, ҷумъа, 3-юмин рӯзи соли 2025 аст

Январь 3, 2025 08:00

14 сол пеш, 3 январи соли  2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таркиш дар назди Калисои Қиддисини вилояти Искандария ба Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак барқияи таъзия ирсол намуда, ба наздикон ва хешу табори ҳалокшудагон арзи таслият ва ҳамдардӣ намуданд.

***

3 январи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тасдиқи «Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013»  фармон ба имзо расониданд.

***

Дар ҳамин рӯзи соли 2019 маҷаллаи байналмилалии  «Financial Times» Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба рӯйхати ҳашт давлате ворид намуд, ки ба сайёҳон барои ташриф  дар соли 2019 тавсия медиҳад.

*** 

Дар ин рӯзи соли 2020 аз байни шумораи зиёди иштирокчиён дар Озмуни байналмилалии рассомӣ таҳти унвони «Рассом ва офарандагӣ»  мусаввараи  рассоми мумтозу закинигори тоҷик Зокир Собир  бо номи «Дунёи маликаи абрешимӣ» соҳиби мақоми  аввал ва медали тилло гардид.

***

3 январи соли 2024   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо», дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои тандурустӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо дар бораи зотпарварӣ ва тухмипарварӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

3 ЯНВАР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Дар Эстония – Рӯзи ёдбуди ҷанговарони муҳорибаҳои озодкунӣ.

ДАР ИН РӮЗ…

3 январи соли 2023  Пелеро дар бузургтарин қабристони амудии ҷаҳон дар Бразилия ба хок супурданд. Рӯзи душанбеи 2 декабр мухлисони футболбози машҳур Пеле дар варзишгоҳи дастаи «Сантос»-и иёлати Сан-Паулу бо қаҳрамони фавқулодаи футболи ҷаҳон  видоъ карданд.

Январь 3, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 январ, якшанбе, 5-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 январ, шанбе, 4-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 январ, панҷшанбе, 2-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 январ, чоршанбе, 1-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 декабр, сешанбе, 366-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 декабр, душанбе, 365-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 декабр, якшанбе, 364-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст