ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ. Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба Донишгоҳи шарқии Қазоқистон ҷалб шуданд
ДУШАНБЕ, 24.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади густариши ҳамкории байналмилалӣ ва таҳкими равобити таълимию илмӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин дар доираи созишномаи ҳамкории байнимуассисавӣ ва барномаи табодули академӣ донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои шашмоҳаи дуюми соли таҳсили 2024-2025 ба Донишгоҳи шарқии Қазоқистон ба номи Сарсен Аманжолов ҷалб гардиданд.
Ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки табодули академӣ барои рушди малакаҳои касбии донишҷӯён дар заминаи шиносоӣ бо таҷрибаи пешрафтаи таълимӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ доир мешавад. Донишҷӯёни интихобшуда дар барномаҳои академии Донишгоҳи шарқии Қазоқистон иштирок намуда, донишу маҳорати худро такмил медиҳанд.
Гуфта мешавад, ки табодули академӣ ба баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии донишҷӯён дар бозори байналмилалии меҳнат мусоидат намуда, барои онҳо имконияти нави омӯзиш ва касбазхудкунӣ фароҳам меорад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад






