ТАРҒИБИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Аз имзои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими муомилоти маҳсулоти тамоку» 12 сол сипарӣ шуд

Январь 28, 2025 13:52

ДУШАНБЕ, 28.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 сол қабл, 28 январи соли 2013 бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани таъсири омилҳои хатарноки маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон, инчунин танзими муомилоти маҳсулоти тамоку фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими муомилоти маҳсулоти тамоку» ба имзо расид.

Ҳадафи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, пешгирӣ намудани таъсири омилҳои хатарноки маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон, инчунин танзими муомилоти маҳсулоти тамоку дар мамлакат ва таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» иборат мебошад.

Тибқи ин фармон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти тамоку дар асоси иҷозатнома фурӯхта мешавад.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими муомилоти маҳсулоти тамоку» аз 1 апрели соли 2013 мавриди амал қарор дода шуд.

Давоми ин солҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини иҷрои ин фармон тадбирҳои зарурӣ андешид, барои ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳо таклиф пешниҳод карда, санадҳои ҳуқуқиро ба ин фармон мутобиқ намуд.

Хатари тамоку ба саломатии инсон

Тамоку маҳсулоте аст, ки ба саломатии инсон хатари ҷиддӣ   дорад. Мутахассисони соҳаи тиб ҳушдор медиҳанд, ки дар таркиби тамоку моддаи никотин мавҷуд аст, ки ҳамчун алкоиди табиӣ маводи муассир ба ҳисоб меравад ва ба зудӣ вобастагӣ эҷод мекунад. Истеъмоли тамоку инсонро ба бемориҳои  онкологӣ (саратони хирной, трахея, шушҳо ва меъда), дилу раг, фишорбаландии шараёнӣ ва тромбози рагҳо ва ғайра гирифтор мекунад. Инчунин он   вазъи иқтисодии шахси сигоркашро бад менамояд.

Бархе афроде, ки аз истеъмоли маҳсулоти тамоку даст кашидаанд, ба истифодаи сигорҳои электронӣ гузаштаанд, аммо ин сигорҳо низ ба саломатӣ зарари калон мерасонанд. Таҳқиқот нишон додааст, ки никотин ва дигар моддаҳои кимиёвӣ, ки дар сигорҳои электронӣ мавҷуд ҳастанд, мушкилоти саломатиро ба вуҷуд меоранд.

Тавре мутахассис иброз медорад, ҳангоми истеъмоли тамоку он, пеш аз ҳама, ба узвҳои нафаскашӣ дохил шуда, ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Тамоку моддаҳои зараровари бофтаҳои пардаи луобии роҳҳои нафасро заиф намуда, сабаби пайдоиши якчанд бемории роҳҳои нафас мегардад. Тамокукашӣ сабаби бемориҳои илтиҳоби найчаҳои шуш, саратони шуш, илтиҳоби пардаи луобии ковокии бинӣ ва дигар бемориҳои роҳи нафас мешавад.


 «Дар ҳамин ҳол шумораи умумии тамокукашон дар сайёра аз як  миллиард нафар зиёд шудааст, ҳар марди чорум ва ҳар бистумин зан имрӯз аз никотин вобаста мебошад»,-иттилоъ додааст РИА «Новости».

Нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз истеъмоли тамоку дар байни занон

Бояд гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мутахассисони соҳаи тиб аз истеъмоли тамоку дар байни занон дар ташвиш афтодаанд. Қариб 90 фоизи заноне, ки ба истеъмоли тамоку машғул мебошанд, ҳатто дар овони ҳомиладорӣ низ ин амали худро идома медиҳанд.

Ба андешаи мутахассисон, тамокукашии занон хатари бештар дорад, зеро организми онҳо нисбат ба мардҳо заифтар мебошад. Махсусан истифодаи маҳсулоти тамоку дар вақти  ҳомиладорӣ на танҳо ба организми модар, балки ба саломатии тифли батни ӯ низ  хатар дорад. Дар ин ҳолат кӯдакони онҳо бо нуқсонҳои гуногун  тавлид меёбанд, ки онро нуқсонҳои модарзодӣ меноманд.

Чӣ бояд кард, то аз тамоку даст кашид?

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шаш тадбири асосӣ барои мубориза бо истифодаи тамокуро пешниҳод мекунад:

— мониторинги истеъмоли тамоку ва сиёсати пешгирии он;

— ҳифзи одамон аз дуди тамоку;

— таъмини дастрасии ҳадди аксари кумак ба онҳое, ки қарор додаанд тамокукаширо тарк намоянд;

— дар ҳама ҷой ҷойгир кардани огоҳӣ дар бораи хатари истифодаи маҳсулоти тамоку;

— назорати риояи манъи реклама, таблиғи фурӯш ва сарпарастии маҳсулоти тамоку;

— баланд бардоштани андоз аз маҳсулоти тамоку.

Ба андешаи мутахассисони соҳаи тиб, дар ин самт бояд шахс, пеш аз ҳама, иродаи қавӣ дошта бошад, пеши худ мақсад гузошта, аз ин одати зараррасон даст кашад. «Ҳангоми пайдо шудани майли тамокукашӣ худро ба дигар корҳо машғул намудан зарур буда, ба ҷои он метавон хӯроки хуб истеъмол ё ба қадри имкон варзиши бадан карда, дар ҳавои тоза сайру гашт намуд. Истеъмоли бештари нӯшокиҳо – чой ва шарбатҳои мевагӣ дар ин муддат муфид аст», -маслиҳат медиҳад мутахассисон.

Дар ин муддат аз истеъмоли қаҳва даст кашидан зарур аст, зеро қаҳва системаи асабро ҳассос мекунад ва майл ба тамоку зиёд мешавад. Баръакси он метавон асал истеъмол намуд, ки  ҷигарро тоза менамояд. Инчунин истеъмоли маводи ширӣ ва туршӣ айни муддао аст, зеро дар таркиби онҳо сулфур мавҷуд буда, организмро аз заҳролудшавӣ тоза менамояд.

Сатҳи тамокукашӣ дар Тоҷикистон коҳиш меёбад

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, 23 феврали соли 2021 дар Душанбе муҳокимаи татбиқи Конвенсияи чаҳорчӯбавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба мубориза бо тамоку дар Тоҷикистон доир гардид.

Коршиносони Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иброз намуданд, ки сатҳи тамокукашӣ дар мамлакат сол то сол коҳиш меёбад ва ин натиҷаи тадбирҳои дар ин самт андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Аз ҷумлаи тадбирҳои андешида ин меъёрҳои қонунгузорӣ: манъи тамокукашӣ дар биноҳои маъмурӣ, дафтарҳои корӣ дар идораҳои корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, дар даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ, лифтҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ, фурудгоҳҳо, вокзалҳо, осоишгоҳҳо, хобгоҳҳо, қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо ва дар нақлиёти ҷамъиятӣ номбар шуданд.

Дар мамлакат инчунин фурӯши маҳсулоти тамоку дар фосилаи аз сад метр наздик ба биноҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, варзиш ва ташкилоти динӣ манъ карда шудааст. Ба ашхоси то 18-сола фурӯхтани сигор манъ аст: агар фурӯшанда нисбат ба синни харидор шубҳа дошта бошад, ӯ ҳақ дорад аз ӯ санади дахлдор талаб кунад.

Дар Тоҷикистон фурӯши донагии маҳсулоти тамоку ва табодули маҳсулоти тамоку бо дигар молҳо ва хизматҳо, инчунин  тақсимоти ройгони он дар байни аҳолӣ манъ карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 31 майи соли 2018, дар Рӯзи ҷаҳонии  мубориза бо тамокукашӣ   Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳми бузургашон дар мубориза бар зидди  тамокукашӣ бо ҷоизаи махсус сарфароз гардонид.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 28, 2025 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон 153 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид
КИШОВАРЗОН АЗ БАРФ ЧӢ ГУНА ИСТИФОДА БАРАНД? Посухи коршинос ба ин савол манзур мегардад
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Ҷашни Сада бояд дар шаб баргузор шавад
Дар Душанбе оид ба интихобот машварати омӯзишӣ доир гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи хизматчиёни давлатӣ ба беш аз 18 ҳазор нафар расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 56 корхонаи тобеи Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ системаи биллингӣ ҷорӣ гардид
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Бахшида ба он «Телевизиони Сафина» озмуни «Беҳтарин филми мустанад» доир намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон дар Тоҷикистон кай ба тасвиб мерасад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 6 корманди телевизион ва радио дар Туркия такмили ихтисос намуд
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Тарбияи солим ягона роҳи пешгирии хурофоту тундгароӣ аст
ЛИМӮ-БРЕНДИ ТОҶИКИСТОН. Як дарахти лимӯ то 1500 дона мева медиҳад
САТҲИ ТАЛАФОТИ НЕРУИ БАРҚ НИГАРОНКУНАНДА АСТ. То соли 2027 дар Тоҷикистон низоми ягонаи биллингӣ таъсис меёбад