Қуръапартоии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2025 дар минтақаи Душанбе баргузор гардид

Январь 6, 2025 08:52

ДУШАНБЕ, 06.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Қуръапартоии марҳилаи муқаддамотии мусобиқаи анъанавии пешазмавсимии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 дар минтақаи Душанбе баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бозиҳои муқаддамотӣ дар се минтақа– Душанбе, Хатлон ва Суғд баргузор мегарданд.

Дар минтақаи Душанбе аз Лигаи олӣ дастаҳои «Истиқлол», КМВА, «Ҳосилот», «Регар-ТадАЗ», «Барқчӣ», «Ҳулбук», аз Лигаи якум – «Шодмон», «Сардор», «Ёқут», «Душанбе» ва «Рангон» иштирок мекунанд. Дастаҳои «Ҳосилот» ва «Ҳулбук», ки аз минтақаи Хатлон ҳастанд, дархост намуданд, ки дар минтақаи Душанбе бозӣ кунанд, чун қароргоҳ ва машқҳои дастаҳо дар Душанбе идома доранд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 роҳхат меёбанд.

Дар натиҷаи қуръапартоӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ ба таври зайл тақсим шуданд:

Гурӯҳи «А»: КМВА, «Регар-ТадАЗ», «Ёқут», «Душанбе», «Рангон»,  «Шодмон».

Гурӯҳи «Б»: «Барқчӣ», «Истиқлол», «Сардор», «Ҳулбук», «Ҳосилот».

Бозиҳои марҳилаи муқаддамотӣ дар минтақаи Душанбе 20 январ оғоз меёбанд. Ҳама рақобатҳо дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мегарданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 6, 2025 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд