Варзишгарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар мусобиқаҳои варзишӣ соҳиби 167 медал шуданд
ДУШАНБЕ, 22.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар «Кохи афсарон» бо иштироки масъулини Вазорати мудофиаи Тоҷикистон маросими ҷоизасупорию ҳавасмандгардонии варзишгарон дар соли 2024 баргузор гардид. Шумораи умумии медалҳои гирифтаи варзишгарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар соли 2024 167 ададро ташкил медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Соли 2024 барои варзишгарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, хосса Клуби марказии варзишии артиш соли комёбиҳои арзандаи варзишӣ буд. Зеро варзишгарони артиш давоми соли 2024 дар 13 мусобиқаи шаҳрӣ, 35 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, 1 Ҷоми Осиё, 2 чемпионати ҷаҳон ва 4 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 62 медали тилло, 48 медали нуқра ва 57 медали биринҷӣ гардиданд. Ин аз рушди устувори варзиш дар Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дарак медиҳад.
Масъулини Вазорати мудофиаи мамлакат бо изҳори хушнудӣ аз дастовардҳои арзандаи варзишгарон баён доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии мамлакат заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ташкилию инфрасохтории соҳаи варзишро фароҳам овардааст. Аз ҳамин ҷост, ки варзишгарони тоҷик пайваста дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ иштирок намуда, дар арсаи байналмилалӣ давлату миллати тоҷикро муаррифӣ менамоянд. Албатта, ин шарафу ифтихори низомиёни мамлакат мебошад.
Дар анҷоми ҳамоиш аз ҷониби масъулини Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ ба варзишгарони муваффақ Сипоснома, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






