«AGRO PRO EXPO-2025». Соҳибкорони тоҷик дар намоишгоҳи байналмилалӣ иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 26.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Намоишгоҳи 4-уми байналмилалии «AGRO PRO EXPO-2025» дар соҳаи кишоварзӣ оғоз гардид, ки дар он соҳибкорони Тоҷикистон низ маҳсулот ва хизматрасонияшонро муаррифӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати мамлакат хабар медиҳад.
Тавре иттилоъ дода шуд, намоишгоҳ 3 рӯз идома ёфта, дар ин муддат ширкатҳои пешрафтаи Аврупо ва Осиё лоиҳаҳои пешқадамро дар соҳаи кишоварзӣ муаррифӣ менамоянд. Дар намоишгоҳ беш аз 100 ширкату истеҳсолкунандагони пешқадам аз Узбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркия, Эрон ва дигар кишварҳо иштирок намуда, маҳсулот ва хизматрасонияшонро муаррифӣ менамоянд.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти истеҳсолкунанда ва брендҳои маҳаллӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла маҷмуи пурраи таҷҳизот барои кор дар замин — комбайнҳо, тракторҳо, техникаи ҳосилғундорӣ, таҷҳизоти пошидани нуриҳо ва ғайра намоиш дода мешаванд.
«AGRO PRO EXPO 2025» намоишгоҳи васеи кишоварзӣ буда, дар он мошинҳо ва таҷҳизоти кишоварзӣ, технологияҳои пешрафтаи истеҳсолкунандагони маҳаллӣ, қисмҳои эҳтиётии техникаи кишоварзӣ, навъҳои гуногуни системаҳои обёрӣ, системаҳои автоматикунонии хоҷагиҳои деҳқонӣ, инчунин дигар технологияҳои муосири кишоварзӣ дар тамоми соҳаҳо пешниҳод карда мешаванд.
Дар намоишгоҳ намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварату вохӯриҳои корие, ки дар соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ баргузор мешаванд, иштирок менамоянд. Иштирокчиён имкон пайдо менамоянд, ки мубодилаи таҷриба, дарёфти шарикони нав, пешрафти техникаи кишоварзӣ ва дигар навигариҳои соҳаро азхуд намоянд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






