Ҳайати мушоҳидони ИДМ бо омодагии ҳавзаю участкаҳои интихоботӣ дар шаҳри Ҳисор шинос гардид

ДУШАНБЕ, 28.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати мушоҳидони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки Ҷумҳурии Беларусро намояндагӣ менамуданд, бо роҳбарии муовини якуми Котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Леонид Анфимов ба шаҳри Ҳисор рафта, дар участкаҳои интихоботӣ, воқеъ дар деҳаи Хӯҷамӯсои Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, маҳаллаҳои Камоли Хуҷандӣ ва Белайдузи Ҷамоати шаҳраки Ҳисор, деҳаи Ҳисори Ҷамоати деҳоти Ҳисор бо фаъолияти комиссияҳо аз наздик шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Ҳайати мушоҳидони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо масъулони участкаҳои интихоботӣ мулоқот намуда, ба масъалаҳои ташвиқоти пешазинтихоботии вакилон аз ҳизбҳои сиёсӣ, кабинаҳои овоздиҳӣ, мизу дафтари бақайдгирии ташрифи нозирони байналмилалӣ, воситаҳои ахбори омма ва ғайра мароқ зоҳир намуд. Ҳамзамон бо ҳолати омодагии комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот шинос гардид.
Ҳайати мушоҳидони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз омодагии ҳавзаю участкаҳои интихоботӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Изҳори итминон карда шуд, ки интихобот ҳамчун рамзи давлати демократӣ дар Тоҷикистон, хусусан дар шаҳри Ҳисор шаффофу озод ва тибқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи меъёрҳои бисёрҳизбӣ баргузор хоҳад шуд.
Ҳайати мушоҳидони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Ҷумҳурии Беларус инчунин Қалъаи Ҳисорро тамошо намуда, бо фаъолияти корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус — ҶСП «Агротехсервис» шинос гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор