ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 феврал дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 13.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 феврал дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Варзоб, Файзобод, Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат оид ба ҷамъбасти соли 2024 нишасти матбуотӣ доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соати 08:30 баргузор мешавад.
Дар Вазорати молия нишасти матбуотӣ соати 09:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Прокуратураи генералӣ соати 10:00 баргузор мешавад.
Дар Кумитаи рушди сайёҳии нишасти матбуотӣ соати 14:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон соати 08:00 ва дар филиали Донишкадаи энергетикии Москва соати 11:00 баргузор мешавад.
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳри Ваҳдат нишасти матбуотӣ соати 09:00 доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти соли 2024 27 январ оғоз шуда, 14 феврал ҷамъбаст мегарданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






