Ҳамкории Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Ширкати байналмилалии «Pegah Paya Entrepreneurs»-и Эрон таҳким меёбад

Февраль 26, 2025 14:26

ДУШАНБЕ, 26.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал дар вохӯрии ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Сироҷиддин Ҷурахонзода, менеҷери генералии Ширкати байналмилалии «Pegah Paya Entrepreneurs» (MACAP)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Нуруддин Ҳаҷ Ҳусейнӣ ва узви аршади ин ширкат хонум Судобаи Созманд ҳамкории дуҷонибаи донишкада ва ширкат баррасӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн хабар доданд, ректори донишкада дар мавриди фаъолияти муассиса маълумот дода, иброз намуд, ки донишкада аввалин муассисаи давлатӣ мебошад, ки дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн мутахассисони сатҳи олӣ омода менамояд.

Зимни пешниҳоди маълумоти менеҷери генералии Ширкати байналмилалии «Pegah Paya Entrepreneurs» гуфта шуд, ки ширкат дар чандин мамлакатҳои мутараққии олам дар самти баргузории намоишу фестивал ва дарсҳои маҳорат аз рӯи равияҳои мӯд ва зебоӣ таҷриба дошта, дорои беш аз 1000 мураббии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногуни мӯд, тарроҳӣ, дӯзандагӣ ва ороиши намудҳои гуногуни матоъ ва либос мебошад.

Ҷонибҳо барои табодули таҷриба дар самти омӯзиши нозукиҳои мӯду тарроҳии либос, баргузории фестивалу ҳамоишҳои муштарак ва дарсҳои маҳорат бо иштироки мураббиёни ширкат дар донишкада ва омӯзгорони донишкада дар пойгоҳҳои ширкат ба мувофиқа расиданд.

Ҳамзамон даъват шуд, ки ҷонибҳо минбаъд дар чорабиниҳои ҳамдигар иштирок намуда, донишу таҷриба ва имконоташонро муаррифӣ созанд.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Февраль 26, 2025 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид