Ҳамкории Тоҷикистон бо Эрон дар бахши инноватсия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 06.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Истифодаи таҷрибаи ҳамдигар дар самтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва амалӣ дар соҳаи технологияҳои иртиботӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегии инноватсия ва гузариши рақамӣ, инчунин ҳамкории муштарак байни паркҳои технологии (IT паркҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 5 феврал зимни вохӯрии директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҷонибҳо оид ба истифодаи таҷрибаи ҳамдигар дар самтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва амалӣ дар соҳаи технологияҳои иртиботӣ мубодилаи афкор намуданд.
Гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти инноватсионӣ дар мамлакат, ташаккули низоми самараноки инноватсионӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи технологӣ ва рақобатпазирии истеҳсолот ба бозори дохилию хориҷӣ, суръатбахшии рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии миллӣ мусоидат менамояд, заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ муҳайё намудааст. Бо ин мақсад дар мамлакат якчанд қонунҳое қабул гардидаанд, ки баъзе намудҳои фаъолияти инноватсиониро ба танзим медароранд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






