Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар бахши экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 17.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Байни Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ-судӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази илмии ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ-судии Ҷумҳурии Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, шартномаи ҳамкорӣ дар ҷаласаи корӣ бо мақсади густариш додани ҳамкорӣ дар бахши экспертизаи тиббӣ-судӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ба имзо расид.
Ҳадаф аз ҳамкорӣ баланд бардоштани савияи дониши кормандони ду давлат, иштирок намудан дар конфронсҳо, гузаронидани семинарҳои илмию методӣ, омӯзиши коршиносони озмоишгоҳҳо дар марказҳо ва ҳамкорӣ байни муассисаҳои экспертизаи тиббӣ-судӣ мебошад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад






