Азнавбақайдгирӣ ва феҳристнигории ёдгориҳои шаҳри Душанбе ба анҷом расид

Февраль 21, 2025 16:16

ДУШАНБЕ, 21.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар муҳлати муқарраргардида ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалии шаҳри Душанбе аз нав ба қайд гирифта шуда, ёдгориҳои таърихию меъмории тозакашфу навбунёд ба феҳристи ягонаи давлатӣ ворид карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳифзи осори таърихӣ, фарҳангӣ, меъморӣ, монументалӣ ва табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи тамоми сохторҳои давлатӣ ва шаҳрвандон буда, бахусус ҳифзу нигаҳдории онҳо масъулияти асосии Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар робита ба ин масъала Агентӣ барои шиносоӣ бо ҳолати ёдгориҳо ва воридсозии бархе аз ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва менументалие, ки қаблан вориди феҳристи давлатӣ набуданд, корро аз шаҳри Душанбе оғоз намуд.

Азнавбақайдгирӣ ва феҳристнигорӣ бо риояи меъёрҳо ва усули феҳристсозии замони муосир анҷом дода шуд. Феҳристи омодагардида пасзаминае барои рақамикунии ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва монументалӣ ба ҳисоб меравад.

Минбаъд гурӯҳҳои кории Агентӣ барои азнавбақайдгирӣ ва феҳристнигории ёдгориҳои мамлакат ба тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ равона мешаванд.

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 21, 2025 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад