Ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор шуд шуд
ДУШАНБЕ, 21.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Артиши миллӣ — сипари боэътимоди Ватан» ҳамоиши фарҳангӣ доир намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллӣ.
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Осорхонаи миллӣ иқдом гирифтааст, ки аз 17 то 23 феврал 2200 нафар афсарону сарбозонро ба таври ройгон ба тамошои экспозитсия ва чорабиниҳои ҷашнии Осорхонаи миллӣ ҷалб намояд. Ин иқдом ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии афсарону сарбозон ва шиносоӣ бо таъриху фарҳанги бойи ниёгонамон мусоидат менамояд.
Дар ҳамоиши фарҳангӣ роҳбарият ва намояндагони Осорхонаи миллӣ, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба нақши Артиши миллӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини амнияту осоиштагӣ дар ҷумҳурӣ сухан гуфтанд.
Гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 бо заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мушкил таъсис ёфта, аз марҳилаҳои ниҳоят вазнин гузашт. Имрӯз он ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амният дар мамлакат мубаддал гаштааст.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






