Ба Маркази саломатии шаҳрии №15-и шаҳри Душанбе таҷҳизоти рентгенӣ тақдим гардид

Февраль 4, 2025 16:49

ДУШАНБЕ, 04.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба Маркази саломатии шаҳрии №15-и шаҳри Душанбе барои хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, дарёфт ва сари вақт ба табобат фаро гирифтани беморон таҷҳизоти рентгенӣ дастрас гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Таҷҳизоти рентгенӣ аз ҷониби давлати Ҷопон  тақдим гардид, ки ба дарёфти саривақтии бемориҳо мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки дар мамлакат «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» амалӣ мешавад. Тибқи таҳлилҳои оморӣ, дар натиҷаи талошҳои дастҷамъона хурӯҷи бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра паст мегардад.

Ҳамчунин дар Тоҷикистон дастгоҳҳои рентгении рақамии портативии дорои зеҳни сунъӣ истифода бурда мешаванд.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 4, 2025 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид