«Baku Grand Slam 2025». Ҷудочиёни тоҷик дар ин мусобиқа соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 17.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон бо ду медали биринҷӣ дар «Baku Grand Slam 2025» мақоми 12-умро ишғол намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Медалҳои биринҷиро Абубакр Шеров (-73 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ба даст оварданд.
Дар мусобиқа Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) соҳиби ҷойи панҷум ва Беҳрӯз Хоҷазода (-81 кг) ҷойи ҳафтум шуданд.
Ин аввалин иштироки ҷудочиёни тоҷик дар мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо дар соли 2025 мебошад.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид






