Чӣ тавр метавон интернети хонагиро бо нархи муфид пайваст намуд
ДУШАНБЕ, 25.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пайдо намудани дастрасии баландсуръат барои тамоми оила бо шартҳои махсус имконпазир аст. Дар доираи иқдом, ки дар шаҳри Душанбе амал менамояд, хизматрасонии «Интернет барои хона» аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба мизоҷони нав бо тахфифи 50 фоиз пешниҳод мегардад.
«Интернет барои хона» дар бисёр маҳаллаҳои пойтахти Тоҷикистон дастрас аст. Сокинони Душанберо кофӣ аст, ки ба наздиктарин идораи оператор муроҷиат намоянд ё тариқи рақами 4747 дархост гузоранд ва ба хонаи онҳо интернет аз рӯи технологияи GPON ворид хоҳад шуд. Ҳангоми чунин пайвасткунӣ трафик тариқи кабели нахӣ-нурӣ бе мушкилӣ интиқол меёбад. Ин маънои онро дорад, ки суръати муқарраршудаи интернет ба ҳамаи истифодабарандагон новобаста аз он, ки чанд аъзои оила тариқи интернет кор мекунанд, таҳсил менамоянл ва вақти холии худро мегузаронанд, дастрас хоҳанд буд.
Бартарии иловагӣ он аст, ки пайвасти GPON аз шабакаҳои барқии беруна камтар вобаста аст. Бо шарофати хатҳои нахӣ-нурӣ трафик бе талафоти сифат ба масофаи даҳҳо километр интиқол меёбад ва дастрасӣ ба интернет ҳатто дар вақти бо навбат қатъ гардидани неруи барқ дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешавад.
Истифодабарандагони нави хизматрасонӣ имкон доранд, ки онро бо нархҳои махсус пайваст намоянд. Ҳамин тавр, тарофаи «Барои Хона 3 Мбит/с» 70 сомонӣ (қаблан – 140 сомонӣ) арзиш хоҳад дошт. «Барои Хона 5 Мбит/с» дар доираи иқдом 85 сомонӣ (ба ҷои 170) арзиш дорад. «Барои Хона 10 Мбит/с»– 140 сомонӣ (нархи қаблӣ – 280 сомонӣ).
Иқдом бо нархҳои махсуси интернети ноқилӣ – яке аз чорабиниҳое аст, ки аз ҷониби ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба сифати дастгирии ташаббусҳо, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, гузаронида мешавад. Баландбардории сатҳи дастрасии технологияҳои муосир вазифаи муҳим барои солҳои 2025-2030, ки дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсияҳо эълон гардидаанд, маҳсуб мешавад.
Маълумоти муфассалро оид ба хизматрасонии «Интернет барои хона» метавон дар сомонаи ширкат пайдо намуд.
АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






