ЧАРО БАЪЗЕ АЗ НИҲОЛҲОИ ШИНОНИДАШУДА ХУШК МЕГАРДАНД? Ва ё барои пешгирии ин ҳолат чӣ бояд кард?

ДУШАНБЕ, 20.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар мавсими ниҳолшинонӣ аз ҷониби ташкилоту идораҳо дар мамлакат ба миқдори зиёд ниҳоли дарахтони мева, сояафкан ва ороишӣ шинонида мешаванд. Мутаассифона, тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, як қисми ин ниҳолҳо ба самар нарасида, хушк мегарданд. Дар ҳоле, ки дар марҳилаи якуми «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», (солҳои 2025-2027) дар ҷумҳурӣ шинонидани беш аз 10 миллион бех ниҳолу бутта ба нақша гирифта шудааст, ин масъала таваҷҷуҳи махсусро тақозо менамояд. Барои пешгирии хушкшавии ниҳолҳои шинонидашуда чӣ бояд кард? Мутахассисон дар ин хусус чӣ андеша доранд?
Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, бештар дар таллу теппаҳо ва канори шоҳроҳҳо, ки асосан ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонида шудаанд, хушкшавии дарахтон ба назар мерасанд. Шинонидани ин гуна дарахтон аз ниҳолҳои мевадиҳанда фарқ дошта, кори нозук мебошад. Зимни шинонидани ниҳолҳои ороишию сояафкан бештари вақт қоидаҳои асосӣ риоя карда намешаванд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сабзиши хуби ниҳол ба сокинону масъулини соҳа пайваста тавсияҳои муфид дода, аз ҷумла таъкид намуданд, ки: «ниҳол шинондан ҳам мисли ҳар кори дигар қонуну қоидаи худро дорад ва барои сабзу боровар шудани дарахти шинонидашуда бояд ин қонуну қоидаҳо риоя карда шаванд. Дарахтон ҳам мавҷуди зиндаанд, таваҷҷуҳ ва нигоҳубину навозиши пайваста мехоҳанд».
Олими тоҷик, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров дар ин маврид чанд тавсия дода, аз ҷумла гуфт, ки «решаи ин гуна ниҳолҳоро бо хокашон дар халтаҳои махсус ё пахтагин печонидан зарур аст. Зеро решаи онҳо хело нозук мебошад. Инчунин пеш аз шинонидани ин гуна дарахтон чуқурии онро на камтар аз 1 ё 1,5 метр канданамон лозим аст».
Бояд гуфт, ки бештари вақт зимни ҳашарҳои ниҳолшинонӣ, иштирокдорон ба шитобкорӣ роҳ дода, ана ҳамин қойида-тибқи талабот кандани чуқуриро риоя намекунанд, ки оқибат боиси хушкшавии дарахтони шинонидашуда мегардад.
Ба таъкиди коршинос, беҳтарин давра барои шинонидани дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз ва мева — ин охири моҳи ноябр ва декабру январ мебошад. Зеро дар ин муддат ҳолати оромиши ниҳол дар зери хок гузашта, он барои сабзиши оянда хубтар мутобиқ мегардад.
Тибқи тавсияи олимон, масъулин ҳангоми шинонидани ниҳол сараввал бояд бо мутахассисони соҳа дар хусуси дар назди корхонаву ташкилот, шаҳраку маҳаллаҳо, оромгоҳҳо, талу теппаҳо ва шафати шоҳроҳҳо шинонидани кадом навъи ниҳол, талаботи он ба намӣ ва мутобиқати он ба иқлими ин ё он минтақаро машварат намоянд.
Коршиносони дигар бар он ақидаанд, ки дар раванди сабзазоркунӣ аз растаниҳои маҳаллӣ васеъ истифода бояд бурд, зеро онҳо ба муҳити ҳамон маҳал беҳтар мутобиқат шуда, нашъу намо мекунанд.
«Растаниҳои маҳаллӣ метавонанд дар таносуби нигоҳдошти мувозинати табиӣ нақши асосӣ бозанд. Имрӯз дар талу теппаҳо растаниҳои сӯзанбарг мешинонанд. Соли дигар онҳо хушк мешаванд ва маблағ барҳадар меравад. Сабаби хушкшавии ниҳол дар он аст, ки ба ин растанӣ намии барояш зарур намерасад ва он хушк мешавад. Растаниҳои маҳаллӣ ба ин шароит мутобиқ ҳастанд, онҳо ҳам харҷи молиявиро камтар мекунанд, ҳам самараи баланди иқтисодӣ меоранд ва ҳам мардумро аз офтобзанӣ нигоҳ медоранд»,-мегӯянд онҳо.
Ҳикматулло Назиров яке аз қоидаҳои асосии шинонидани дарахтро — интихоби дурусти навъи ниҳол, замин, нуриҳои минералӣ ва мутобиқати онро ба минтақа арзёбӣ кард.
«Дар шинонидани ниҳол дуруст кандани чуқурчаҳо муҳим аст. Барои ниҳол чуқурӣ ва паҳноии он бояд ба на камтар аз 50-60 см канда шавад. Дар ҳолати кандани чуқурӣ бояд хокро ба се қисм ҷудо намуд-болоӣ, миёна ва охирин ва баъди ниҳолро гузоштан баръакси онро иҷро мекунем. Яъне, аввал хоки қисми боло, сипас хоки миёна ва дар охир хоки қисми поёнро мегузорем. Инчунин ба хоки қисмати боло бояд 50-60 гр нуриҳои минералӣ ҳамроҳ намоем, ки барои инкишофи ниҳол муфид мебошад», — гуфт олим зимни номбар кардани дигар қоидаҳои ниҳолшинонӣ.
Доктори илмҳои кишоварзӣ афзуд, ки «тадбири муҳими агротехникӣ дар фасли зимистон — ин яхобмонӣ мебошад, ки ба захиракунии намӣ, нест кардани ҳашароту зараррасонҳо ва ҳар гуна касалиҳо мусоидат менамояд. Яхобро пас аз рехтани барги дарахтон моҳҳои декабр — феврал ду маротиба мондан зарур аст.
«Камарбанди сабз» дар шафати роҳҳои Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, ки дар шафати роҳҳои мошингарди Тоҷикистон «камарбанди сабз» таъсис дода мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, кормандони идораҳои маҳаллии хоҷагии роҳҳои мошингарди ин ниҳод дар канори роҳҳо беш аз 15,8 ҳазор бех ниҳол шинониданд. Аз ҷумла, то 30 январи соли равон, Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Бохтар 1209 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва 6518 бех ниҳоли дарахтони сояафкан, ҳамагӣ 7 ҳазору 727 бех ниҳол шинониданд.
Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд 865 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва 1396 бех ниҳоли дарахтони сояафкан, ҳамагӣ 2261 бех ниҳол шинонданд.
Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ҳисор 1430 бех ниҳоли дарахтони сояафкан, Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб 2062 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва 2408 бех ниҳоли дарахтони соядиҳанда, ҳамагӣ 4470 бех ниҳол шинониданд.
Азбаски дар минтақаи Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ҳанӯз барф ва ҳаво сард аст, ниҳолшинонӣ моҳи март оғоз меёбад.
Дар маҷмуъ, дар канори роҳҳои мошингарди мамлакат 6 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун, аз ҷумла дарахтони мевадиҳандаи хуч, ангат ва коҷ (санавбар) ва дарахтони сояафкану ороишӣ ва ҳамешасабз шинонда мешаванд.
Ниҳолҳои аз хориҷа овардашуда Душанберо зеб медиҳанд
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «дарахтоне, ки мо месабзонем, на танҳо намуди зоҳирии кишварамонро зебову пурҷило месозанд, балки ба рӯҳу ҷони аҳолӣ сафову роҳат мебахшанд, асабро ором мекунанд, табъро хуш мегардонанд, хоки заминро аз вайрону ковокшавӣ (эрозия) бар асари боду борон эмин нигоҳ медоранд, қабати ҳосилхези заминро аз беқувватшавӣ наҷот медиҳанд».
Бо ташаббуси Президенти мамлакат ва Раиси шаҳри Душанбе солҳои охир дар маркази пойтахт садҳо бех ниҳоли гуногун, ки асосан аз Аврупо оварда шуда буданд, аз ҷумла шоҳбулут (каштан), магнолия (навъҳои Galaxy, Royal Burgundy), олуи навъҳои «Писсарди» (Pissardii), «Канзан» (Kanzan), дарахти сӯзанбарги «Сэквойя» (Sequoia), ки асосан дар Амрикои Лотинӣ мерӯяд, инчунин сарвинози мағрибии навъи «Смарагд» (Smaragd) шинонда шуданд.
Бояд гуфт, ки бо иштирок ва ё ҳидояту раҳнамоии Сарвари давлат дар саросари мамлакат даҳҳо ҳазор бех ниҳолу буттаҳои нави мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ (декоративӣ) шинонда шуданд, ки дар байнашон садҳо бех ниҳоли дарахтони нодир, амсоли дарахти ҳамешасабзи магнолия, сакура, шоҳбулут (каштан), сарв (кипарис), коҷ (ел), булут (дуб), чалғӯза (кедр), ардач (можжевельник) ва ғайра низ ҳастанд. Ин дарахтон аз кишварҳои хориҷии дуру наздик амсоли Русия, Швейтсария, Фаронса, Нидерландия, Ҳиндустон оварда шудаанд, ки дар шароити иқлими Тоҷикистон нашъунамои хуб доранд. Дар зер акси баъзе аз ин дарахтон манзур мегардад:
Дар пеш 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҷашни фархундаи миллӣ моро интизор аст. Мо, ҳар фарди Тоҷикистонро мебояд бо дастовардҳои беназир, шаҳру деҳоти обод ва сарсабзу гулафшон ин ҷашни миллиамонро пешвоз бигирем!
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ҳидоят менамоянд, ки «таъмин намудани зиндагии осудаву босаодати наслҳои ояндаи халқамон моро водор месозад, ки ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоем. Яъне, мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд созем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим таъкид менамоям, ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем».
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз